Асосхои кори хамшираги дар терапия
Дарс ҳамчун шакли асосии ташкилии таълим. Сохтори дарсҳо
Зермавзӯъҳо:
Дарс ва талаботҳо ба он.
Хелҳои (тип, намуд) дарс.
Сохтори дарсҳо
Асосгузори низоми дарси синфӣ олими чех Я. А. Каменский мебошад, ки ӯ тарзи гузаронидани машѓулиятҳоро дар системаи синфӣ асоснок намуда, дарсро чунин таъриф додааст: «Дарс ин қисми мантиқан тому яклухти таълиму тарбия буда, дар як вақти маҳдуду муайян гузаронида мешавад». Мувофиқи низоми синфии дарс машѓулиятҳо 45 дақиқа давом мекунад ва он аз лаҳзаҳои махсус иборат аст. Байни машѓулиятҳо танаффусҳо муайян гардидааст. Ҳамин шакли таълимии гурӯҳиро низоми синфии дарс номидаанд, ки он сайқал ёфта, то замони мо омада расидааст ва барои соли таҳсил ҳар рӯза вақт ҷудо гардидааст.
Олимон дарсро мӯъҷизаву санъат номидаанд, чунки кӯдаки хурдсол дар натиҷаи азхудкунии маводи дарсҳо дар давоми солҳои таҳсил ба камол мерасад ва комилан дигаргун шуда, шахсияташ ташаккул меёбад. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷомеа ва аҳли маориф ба дарс чун шакли асосии ташкилии кори таълим талаботҳои зеринро пешниҳод намудааст:
- Дарс бояд ба иҷрои вазифаҳои таълим-маълумотдиҳӣ, тарбиядиҳӣ ва инкишофдиҳӣ равона карда шавад;
- Ҳар дарс мувофиқи сохти худ – оѓоз гузориши мақсад, шарҳи эзоҳ, мустаҳкамкунӣ, ҷамъбасту супориши вазифаи хонагӣ паси ҳам гузорад;
- Дарс ба талаботҳои усулҳои илмию методӣ ҷавобгӯ бошад ва хусусиятҳои психологии хонанда ба ҳисоб гирифта шавад;
- Дар дарсҳо аз дастовардҳои пешқадами омӯзгорон истифода бурда шавад;
- Мазмуни дарс ба ҳаёти ҳаррӯза алоқаманд бошад ва ба барномаи таълимӣ мувофиқат кунад;
- Дарс бо истифодаи аёният, воситаҳои техникии муосир гузаронида шавад.
Дар раванди дарс бар замми ин талаботҳо эҷодкорӣ ва навовариҳои муаллим лозим аст, аз ин рӯ дарсро «асари эҷодии муаллим» гуфтаанд.
Дар бобати муайян кардани хелҳои дарс байни муаллимону олимон ақидаҳо бисёранд ва масъалҳои дарс хеле баҳснок мебошад. Қатъи назар аз рангорангӣ дарсҳо хусусиятҳои хос доранд. Онҳо инчунин бо мақсаду вазифаҳо ва мазмуни худ аз ҳамдигар фарқ меунанд. Дар баробари ин дарсҳо хусусиятҳои умумӣ низ доранд. Дар ҳар дарс додани донишҳои нав, мустаҳкамкунӣ, такрору санҷишу назорати донишҳо, супоридани вазифаи хонагӣ ва хулосабарорию ҷамъбаст дида мешавад. Ҳамаи дарсҳоро аз рӯи мақсаду вазифаҳо ва хусусиятҳои хосашон ба хелҳо ҷудо кардан мумкин аст. Хелҳо (типҳои) маъмули дарсҳо инҳоянд: дарси омехта, дарси баёни мавзӯи нав (дарси додани донишҳои нав), мустаҳкдамкунии донишҳо, такрор, санҷиши донишҳо.
Дарси омехта – дар он маҷмӯи корҳо, шарҳу эзоҳдиҳӣ, мустаҳкамкунӣ, санҷишу ҷамъбаст, супоришдиҳӣ ва дигарҳо гузаронида мешавад.
Дарси додани донишҳои нав – дар он мавқеи асосиро омӯзиши мавзӯи нав ишѓол мекунад.
Дарси мустаҳкамкунии донишҳо- ташаккули маҳорату малакаҳо, ки дар он диққати асосӣ ба кори амалӣ, аксаран ба иҷрои машқҳо равона карда мешавад.
Дарси такрор – дар он донишҳои хонандагон доир ба ягон мавзӯъ ё фасл ба низоми муайян оварда хоҳад шуд.
Дарси санҷиши донишҳо – дар он хонандагон корҳои амалӣ, хаттӣ ва даҳониро иҷро мекунанд.
Ҳар як сохтори дарс аз лаҳзаҳои махсус (алоҳида) иборатанд. Дар яке аз дарсҳо лаҳзаи асосию муҳим додани донишҳои нав бошад, дар дуюмин лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ё санҷиши донишҳо асосӣ шуда метавонад ва лаҳзаҳои дигар ёрирасони лаҳзаи асосӣ мешавад. Аз ин рӯ, чунин хулоса мебарояд, ки ҳар дарс хусусиятҳо дораду сохторашро хели (типи) дарс муайян мекунад. Сохтори хелҳои (типи) дарсҳо чунинанд:
I. Дарси омехта
- Ташкили дарс
- Пурсиши вазифаи хонагӣ
- Мустаҳкамкунӣ ё гузориши мақсаду вазифаҳо
- Баёни мавзӯи нав
- Мустаҳкамкунӣ
- Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
- II. Дарси додани донишҳои нав ё баёни мавзӯи нав
- Ташкили дарс
- Гузориши мақсаду вазифаҳои дарс
- Алоқаманд намудани мавзӯи нав ба гузашта
- Баёни мавзӯи нав
- Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
III. Дарси мустаҳкамкунӣ
- Ташкили дарс
- Гузориши мақсаду вазифаҳо
- Мустаҳкамкунӣ
- Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
- IV. Дарси такрорӣ
- Ташкили дарс
- Гузориши мақсаду вазифаҳо
- Такрор ва ба низом даровардани донишҳо
- Ҷамъбасту эълони баҳо ва супориши вазифаи хонагӣ
- V. Дарси санҷиши донишҳо
- Фаҳмонидани мақсади санҷиш ва роҳҳои иҷрои он
- Шинос кардани хонандагон бо мазмуни кор
- Кори мустақилонаи хонандагон
- Ҷамъбасти корҳои дарс
Ҳамин тариқа дарсҳое низ арзи вуҷуд доранд, ки онҳоро дарсҳои ѓайримуқаррарӣ мешуморанд. Масалан: дарси саҳнавӣ, кушод, дарс – экскурсия ва ѓайраҳо.
Адабиёт:
- Аҳамадов Т., Ашурова Д. Педагогика дар саволу ҷавоб. – Душанбе, 2007.
- Крқлова Г.Д. Теория и практика урока в условиях развиваюѓего обучения. – Москва, 1980.
- Лутфуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.
- Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
- Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
Источник
Аввалин олотхои мехнат аз санг сохта шуда буданд, бинобар ин давраи кадимро асри сангин меноманд. Асри санг асосан ба се давра – асри антикаи сангин (палеолит), асри сангини миёна ва асри чадиди сангин (неолит) таксим мешавад.
Иклими замони палеолит аз иклими замони мо фарки калон доштааст. Аз ин сабаб наботот ва хайвоноти он давра то ба замон мо нарасида, нест шудаанд. Одамони замони полеолит чизхои тайёри дар табиат бударо истифода карда, барои зимистон ба шикор машгул мешуданд. Холо онон зарфсози, зироаткори ва ром кардани хайвонотро намедонистанд.
Дар замони неолит, ки хамаги панч – шаш хазор сол давом кардааст, одамон дар катори шикор ва чамъ намудани хурока, шакли дагали зироатчиги ва ром намудани хайвонотро низ каму беш медонистанд. Агар полеолити поёни ва миёна давраи ташаккулёбии инсон ва шаклхои аввалини чамъияти ибтидои хисобида шавад, пас полеолити болои ва неолит давраи инкишофи шакли пухтаи чамъияти ибтидои – авлоди модари ба шумор меравад.
Асри сангини ќадим (800-100 хазор сол то милод)
Ёдгорихои бостонии Точикистон, аз чумла асри сангини кадим то ибтидои асри XX умуман омухта нашуда буд. Ба туфайли пирузии Октябр, инкишофи илм ва ташкил шудани чумхурии Точикистон нахустин омузиши ёдгорихои асри сангин дар худуди ин сарзамин ба авали солхои 30- юм рост меояд. Аммо омузиши мунтазами ёдгорихои асри сангин дар Осиёи Миёна дар арафаи саршавии Чанги Бузурги Ватани огоз ёфтааст.
Кашфиёти илми гувохи медихад, ки дар даврахои сеяки баъдинаи асри сангини кадим шароитхои мусоиди Осиёи Миёна барои зиндаги иваз шуда буд. Ёдгорихои асри кадими сангин дар Осиёи Миёна хеле бисёранд. Чунин ёдгорихо соли 1953 дар сохили дарёи Унарчаи шахри Норини Киргизистон, дар чукурии 25 метр ва соли 1954 дар сархади байни Киргизистону Точикистон дар тарафи чапи дарёи Хочабокиргон, дар наздикии дехаи Кайрогоч ёфт шудаанд
Асри миёнаи санги
(100- 40 хазор сол пеш аз милод)
Одамони замони полеолити миёнаро неандерталхо меноманд, ки ба мардуми имруза хеле шабохат доштанд. Он замон шароити номусоид буданд. Дар Европа хукмрон будани пиряххо дар чануб боридани боронхои сел ба набототу хайвонотхои гуногун таъсири манфи мерасониданд. Ин вазъият талаб мекард, ки маданияти инсони катъиян ривоч дода шавад. Шароит мачбур сохт, ки одамони ибтидои оташро ихтироъ намоянд.
Дар хочагии неандерталхо мавкеъи асосиро шикор ишгол мекард. Хайвоне, ки неандерталхои Осиёи Миёна шикор мекарданд, ба хайвонхои хозира монанд буданд. Иклими он даврахо аз хозира начандон фарк дошт. Одамон дар доманаи куххо ва дараю водихо, чангалзорхо зиндаги мекарданд.
Олоти кори неандерталхо асосан аз аз белчахои сангин /скребле/ ва сангхо нугтез иборат буданд, ки онхо аз 5 то10 сантиметр дарози доштанд.
Яке аз мавзеъхои машхури одамони неандертали дар Осиёи Миёна магораи Тешуктош мебошад, ки кофтукови он хануз соли 1938 аз тарафи бостоншиноси машхури Шуро А.П.Окладников сар шуда буд. Ин магора дар доманаи каторкухи Хисор /дар нохияи Бойсуни Узбакистон/, дар баландии 1500 метр аз сатхи бахр чойгир буда, аз панч кабати мадани иборат аст, ки гафсии хамаи онхо 1,5 метр мебошад. Хар як кабати мадании магораро устухонхои хайвонот, сангпорахо, олотхои кори, хокистар, лагча ва монанди инхо ташкил медиханд.
Асри сангини нав (40 -10 хазор сол пеш аз милод)
Хусусияти фарккунандаи асри санги нав он аст, ки дар хаёти чамъиятии ин давра авлоди модаршохи пурра ба вучуд омад.Истехсоли олотхои сангин хеле зиёд шуда, намуди он олотхо гуногун мешавад ва шаклхои махсуси онхо: буррандахо, гулмеххо, кордхо, каландчахо /скребочки/ пайдо мегардад. Одамон дар ин давра ба нуги устухонхо нуклеусчахоро чой карда, аз устухон дарафш, сузан ва чизхои ороиши занон таёр карданро ёд гирифтанд.
Олимон тасдик мекунанд, ки одамон дар замони палеолити аввал ба сохтани истикоматгохо, ба монанди нимзаминканхо ва капахо шуруъ карданд. Онхо дар чунин чойхо муддатхои дароз истикомат карда, оташро нигох медоштанд.
Дар давраи полеолити аввал санъат хам пайдо шуда буд. Одамон аз рангхои табии сурати хайвонхоеро, ки шикор мекарданд, хеле мохирона мекашиданд ва дар болои сангу устухонхо кандакорихо мекарданд. Дар ин давра намуди зохирии одамон хам таъгир ёфта, аз шакли неандертали ба намуди одамони ба хозира хеле монанд буда, гузаштанд.
Ёдгорихои мезолити /10-5 хазор то милод /ва неолити /5-3 хазор сол то милод/
Дар замони мезолити куввахои истехсоли боз хам таракки карда, пеш рафтанд. Дар ин давра пайдо шудани тиру камон шикори одамонро сермахсул гардонид. Ф.Энгелс навишта буд, ки «Камон, зехи камон ва тир аслихаи бисёр мураккабе мебошад, ки ихтирохи онхо тачрибахои дуру дарози акли расо ва аз ин ру, бо бисёр ихтирооти дигаре шинос буданро низ талаб мекарданд».
Гайр аз камонгулак, дар ин давра табару тешахои сангин пайдо шуданд, сарнайзахои аз кайроксанг ва чакмоксанг сохташуда шаклан бехтар гардида, ба сари найзахои чубин ва устухони васл карда мешуданд.
Дар замони мезолит дар баробари шикор ва чамъоварии меваи дархтон, шаклхои аввалини зироатчиги ва ром кардани хайвоноти вахши низ пайдо шуданд.
Якумин кабристони мезолит дар Осиёи Миёна дар истгохи рохи охани Кайлюи Туркманистон ёфт шуд. Дар ин чо часади мархумро дукад гуронида, ба руи он ранги сурх пошиданд. Дар атрофии часадхо олотхои сангин ва дастпонахо гузошта шудаанд.
#ь
Источник