Асосхои кори хамшираги pdf
Асосҳои кор бо барномаи Windows XP
Нақша
1 Мизи кори Windows XP. Тугмачаи «Пуск» ва «Панели вазифаҳо»
2 Менюи асосии Windows XP
3 Роҳҳои ба кор омодасозии Windows XP
4 Равзани Windows XP, намуд ва тарзҳои идоракунии он
5 Баромадан аз барномаи Windows XP
6 Кор бо файлҳо папкаҳо ва дискҳо дар барномаи Проводник
7 Менюи дархости ва системаи маълумотии Windows XP
8 Барномаҳои стандартӣ ва хизматии Windows XP
Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд аз кадом барнома истифода карданро донад, чунки шумораи барномаҳои компютерӣ хеле зиёд аст ва ҳар яки онҳо таъиноти махсус доранд. Имрўз қариб ҳамаи истифодабарандагон аз барномаи Windows XP истифода мебаранд. Ба асосҳои кор бо барномаи Windows XP, мизи корӣ, тугмачаи Пуск, панели вазифаҳо, менюи асосӣ, ба кор омодасозӣ ва баромадан аз ин барнома, иҷроиши амалиётҳои гуногун бо ҳуҷҷатҳо, папкаҳо, дискҳо дар барномаи Проводник, менюи дархости ва системаи маълумотӣ, барномаҳои хизматӣ ва стандартии Windows XP ва ѓайраҳо дохиланд.
1 Мизи кори Windows XP. Тугмачаи «Пуск» ва
«Панели вазифаҳо»
Баъди ба кор омодасозии компютери фардӣ ва иҷрои вазифаи системаи амалиётии Windows XP, дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро мизи корӣ меноманд.
Мизи корӣ одатан аз барномаҳои(расмҳои) гуногун иборат аст, ки дар қисми поёниашон номи онҳо оварда мешаванд. Ин расмҳоро нишонаҳои мизи корӣ мегўянд.
Нишонаи аввалине, ки дар мизи корӣ ҷойгир аст, ҳуҷҷатҳои ман (Мои документы)
мебошад. Ин ҷои стандартии системаи амалиётии Windows XP мебошад, ки дар он метавонанд ҳамаи ҳуҷҷатҳои даркорӣ, яъне файлҳо ва папкаҳои истифодабаранда ҷойгир карда шаванд.
Дигар нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст номаш Компютери ман (Мой компьютер)
мебошад. Он имконият медиҳад, ки аз дискҳо барномаҳои даркорӣ кофта ёфта шуда, ба кор омода карда шаванд.
Нишонаи “Сетевое окружение” (шабака) барои кор кардан дар шабакаи локалӣ лозим аст. Тавассути он ҳамаи истифодабарандагоне, ки ба шабакаи локалӣ пайвастанд метавонанд бо якдигар кор кунанд, яъне файлҳо ва папкаҳои якдигарро кушоянд.
Нишонаи Сабад (Корзина)
барои нигоҳ доштани файлҳо ва папкаҳое, ки аз системаи амалиётии Windows XP хориҷ карда шудаанд, истифода карда мешавад. Яъне агар ягон файл ё папкаро мо нафаҳмида хориҷ кунем бо ёрии Сабад онро барқарор намудан мумкин аст.
Дар қисми поёнии мизи корӣ аз тарафи чапи он тугмае вуҷуд дорад, ки номи он “Пуск” мебошад. Он барои кушодани ҳар гуна барномаҳо, ҳуҷҷатҳо, мувофиқкунии системаи амалиётӣ, кофтукоби файлҳо ва папкаҳо ва ѓайраҳо лозим аст. Ҳангоми нишондиҳандаи мушакро ба ин тугмача гузоштан, ахбороти ёрирасоне пайдо мешавад, ки дар он корро аз пахш намудани ин тугмача шурўъ намоед (Начните работу с нажатия этой кнопки) навишта шудааст.
Дар давоми тугмаи “Пуск” сатре мавҷуд аст, ки он “Панели масъалаҳо” (Панель задач)
ном дорад. Дар панели масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо, барномаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳо нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи даркориро аз панели масъалаҳо ҷудо намоем.
Дар панели масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмачае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат мерасонад. Роҳи дигари аз як забон ба дигар забон гузаштаи ин аз клавиатура якҷоя пахш намудани тугмачаҳои Shift ва Alt мебошад. Панели масъалаҳо метавонем дар ҷои дилхоҳи мизи корӣ ҷойгир намоем.
2 Менюи асосии Windows XP
Баъди аз пахш намудани тугмаи “Пуск”дар экран менюи асосии Windows XP пайдо мешавад.
Дар менюи асосӣ пайдарпаии нишонаҳо (бандҳо) дар шакли сатрҳои таг ба таг оварда шудаанд. Дар ин сатрҳо номи ин ё он амалиёти ба воситаи система иҷрошаванда нишон дода шудааст. Аз тарафи чапи менюи асосӣ рўйхати барномаҳое навишта мешавад, ки бо онҳо истифодабаранда кор карда буд ва дар вақти даркоӣ онҳоро боз кушодан мумкин аст. Дар сатри аз ҳама охирини рўйхати барномаҳо сатри “Все программы” ҷойгир аст. Дар тарафи рости баъзе сатрҳои менюи асосӣ аломати тирча гузошта шудааст. Ин аломат далели он аст, ки ин сатри меню ба иҷрокунии якчанд амалҳо вобаста мебошад. Барои дидани рўйхати ин амалиётҳо нишондиҳандаи мушакро ба сатри тирчадор гузошта, лаҳзае интизор мешавем. Пас аз гузаштани муддати каме рўйхати амалиётҳо ба экран бароварда мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд.
Тартиби интихоби сатрҳои менюи асосӣ чунин аст:
Нишондиҳандаи мушакро ба сатри даркорӣ мегузорем;
Агар сатри интихобшуда фақат ба як амалиёт вобаста карда шуда бошад, он гоҳ тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш карда, зуд cap медиҳем;
Агар дар сатри интихобшудаи меню аломати тирча мавҷуд бошад, он гоҳ ба зерменюи он гузашта, сатри даркориро интихоб менамоем ва тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш менамоем.
Ба ѓайр аз менюи асосӣ боз менюи горизонталӣ (менюи барномаҳои амалӣ, ки дар равзанаи онҳо ҷойгир аст) ва менюи иловагӣ (ҳангоми пахш намудани тугмачаи рости мушак пайдо мегардад) мавҷуд мебошад.
менюи горизонталӣ (фаврӣ)
менюи иловагӣ
Мазмуни сатрҳои менюи асосӣ ва таъиноти онҳо
Барномаҳо (Программы) ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран рўйхати барномаҳое пайдо мешавад, ки мешавад, ки онҳо дар системаи Windows XP ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор омода намудани барномаҳо кифоя аст, ки номи онро аз рўйхат интихоб карда шуда, тугмачаи чапи мушак пахш карда шавад.
Масалан, ба кор омодакунии барномаи Microsoft Word 2003:
Бояд нишондиҳандаи мушак ба банди “Программы” оварда шавад;
Аз банди кушодашудаи “Программы” Microsoft Office интихоб карда шавад;
Баъди он нишондиҳандаи мушакро ба болои калимаи Microsoft Office Word 2003 оварда тугмачаи чапи мушакро як маротиба пахш намудан зарур аст.
Тарафи рости менюи асосӣ аз “Мои документы” сар мешавад. Дар бораи ин барнома мо дар боло маълумот дода будем.
Ҳуҷҷатҳо (документы)
Дар мавриди интихоб намудани ин сатр, аз маҷмўи ҳуҷҷатҳои дар хотираи компютер мавҷудбуда, ба экран танҳо рўйхати 15 ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер бори охирин маҳз бо онҳо кор кардаанд. Агар аз рўйхати пешниҳодкардашуда ягон ҳуҷҷат интихоб карда шавад, он гоҳ аввал барномае ба кор медарояд, ки ин ҳуҷҷат ба воситаи он сохта шудааст. Пас аз он дар равзанаи ин барнома ахбори дохили ҳуҷҷати интихобкардашуда пайдо мешавад. Сипас, аз имкониятҳои равзана истифода бурда ҳуҷҷатро таҳрир ва аз нав ба диск сабт намудан мумкин аст.
Тасвирҳои ман (Мои рисунки)
Баъди интихоби ин сатр ба экрани монитор папкае кушода мешавад, ки дар он ҳамаи тасвирҳое, ки истифодабаранда сабт кардааст пайдо мешавад.
Компютери ман (Мой компьютер). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.
Шабака (Сетевое окружение). Айнан монанди нишонае, ки дар мизи корӣ вуҷуд дорад кор мекунад.
Лавҳаи идоракунӣ (Панель управления)
Бо воситаи ин сатр истифодабаранда метавонад копютерро тавре, ки ба ў маъқул аст мувофиқ кунонад. Сатри Панель управления яке аз калидҳои асосии таъсиррасонӣ ба қисмҳои компютер ва имкониятҳои системаи амалиётии Windows XP ба шумор меравад. Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ё аз он ҷудо кардан ва имкониятҳои барномавии системаро мувофиқи завқи худ идора кардан мумкин аст.
Пайвастшавӣ (Подключение). Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда метавонад, ки ба интернет ё шабакаи дигар пайваст шавад. Аммо барои пайвастшавӣ дар компютери истифодабаранда ин ё он шабака бояд мувофиқ кунонида шуда бошад.
Принтерҳо ва факсҳо (Принтеры и факсы)
Ин сатри меню барои принтери навбатиро ба системаи Windows XP пайваст кардан ва ба параметрҳои он таъсир расонидан вобаста карда шудааст.
Маълумотнома (Справка и поддержка)
Бо воситаи ин сатри меню истифодабаранда доир ба саволи дилхоҳе, ки ба системаи амалиётии Windows XP тааллуқ дорад метавонад маълумот гирад.
Кофтуков (Поиск)
Азбаски дар дискҳои компютер миқдори хеле зиёди маълумотҳои табиати гуногундошта сабт карда мешаванд, бинобар ҳамин ҳам ин сатри меню барои бо осонӣ ва зуд кофта ёфтани папка ё ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст.
Иҷрокунӣ (Выполнить)
Ин сатри меню имконият медиҳад, ки ба воситаи он фармон ё барномаи даркорӣ якбора ба иҷрошавӣ равона карда шавад.
Баромадан аз система (Выход из системы)
Барои аз системабаромадани истифодабаранда лозим аст. Баъди иҷрои ин сатри меню истифодабаранда метавонад ба система бо ном ва пароли дигар ворид шавад.
Анҷоми кор (Выключение)
Имконияти ин сатри меню аз он иборат аст, ки ба воситаи он кори системаи Windows XP ба охир расонида шуда, компютер хомўш карда мешавад.
Источник
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ЗАБОНИ БАРНОМАСОЗИИ VISUAL
Basic
Тавасути забони барномасозии Visual Basic барои системаи амалиётии WINDOWS замимаҳои (прилoжение) гуногунро ба осонӣ сохтан мумкин аст. Забони барномасозии Visual Basic аз муҳити графикие иборат мебошад, ки тавасути он шаклҳои экранӣ ва элементҳои идоракуниро барпо кардан мумкин аст. Visual Basic аз маҷмўи асбобҳои лозимие иборат мебошад, ки кори барномасозро осон мегардонанд. Инҳо лоиҳаҳо, шаклҳо, объектҳо, шаблонҳо, элементҳои ғайристандартии идорашаванда, надстройкаҳо, менеҷери базаи маълумотҳо ва ғайраҳо мебошанд.
Ҳангоми аввалин бор ба экран баровардани барномаи Visual Basic мастери Project Wizard ба кор медарояд ва дар экран равзанаи диалогии New Project пайдо мегардад. Дар равзанаи диалогии New Project яке аз қолиби (шаблони, нусхаи) лоиҳаро интихоб намудан мумкин аст, ки корро барои барпо намудани замимаҳо осон менамояд. Равзана аз се фасл иборат аст: New (Лоиҳаҳои нав), Existing (Лоиҳаҳои мавҷуд буда), Recent ( Лоиҳаҳои чанде пеш истифодашуда). Қолиби лоиҳаро дар фасл интихоб намуда, Шумо ба Visual Basic фармоиш медиҳед, ки асоси замима сохта шавад.
Элементҳои асосии забони барномасозии Visual Basic
Равзанаи асосии забони алгоритмии Visual Basic намуди зерин дорад:
Якчанд равзанаҳои дигаре, ки ҳангоми кор дар муҳити барномаи Visual Basic мавриди истифода қарор мегиранд, меорем:
- Равзанаи асбобҳо (ҷузъҳои идоракунӣ) – Toollbox.
Равзанаи мазкур намуди умумии зеринро дорад:
Агар онро дар равзанаи асосии барномаи Visual Basic мушоҳида накунем, пас ба воситаи иҷро кардани фармони Object – и феҳрасти View ё зер кардани тугмачаи Toollbox дар лавҳаи асбобҳо, ки намуди зерин дорад барқарор кардан мумкин аст:
– намуди тугмача Toollbox.
- Равзанаи шакли экранӣ – Object.
Равзанаи шакли экраниро дар вақти сохтани замимаи сохташаванда истифода мебаранд. Ҳама гуна воситаҳои мукотибаи истифодабаранда бо барномаи сохташанванда (интерфейсҳо) дар шакли экранӣ иҷро карда мешавад. Шакли экранӣ дар равзанае бароварда мешавад, ки онро Равзанаи шакли экранӣ меноманд. Вай намуди зерин дорад:
Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони Object – и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерин барқарор намудан мумкин аст:
– намуди ин тугмача.
- Равзанаи барандаи лоиҳа – Project Explorer.
Равзанаи барандаи лоиҳа инъикоси графикии мундариҷаи лоиҳаи сохташаванда ё лоиҳаи ба муҳити Visual Basic боршавандаро дарбар мегирад.
Инъикоси графикӣ – ин дарахт ё рўйхати тамоми файлҳои ба лоиҳа воридшаванда мебошанд. Намуди умумии Равзанаи барандаи лоиҳа чунин мебошад:
Равзанаи барандаи лоиҳа дар Visual Basic
Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони Project Explorer – и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерин барқарор намудан мумкин аст:
– намуди ин тугмача.
- Равзанаи коди барномавӣ – Сodе
Равзанаи коди барномавӣ ворид кардани коди замимаи сохташаванда хизмат мекунад. Намуди умумии ин равзана чунин аст:
Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони Сodе – и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерин барқарор намудан мумкин аст:
– намуди ин тугмача.
- Равзанаи хусусиятҳои объект – Properties
Равзанаи хусусиятҳои объектро низ бо ду тарз кушодан мумкин аст, ки яке аз онҳо ба воситаи фармони Properties Window – и феҳрасти Viеw ё бо зер кардани тугмачаи зерин:
– намуди ин тугмача.
Намуди умумии ин равзана чунин аст:
Равзанаи хусусиятҳои объект – Properties
- Равзанаи аз назар гузаронидани хусусиятҳои синфи объектҳо
Object Browser
Барои дида баромадани хусусияти объектҳои лоиҳа аз равзанаи аз назар гузаронидани хусусиятҳои объектҳо истифода мебаранд. Равзанаи аз назар гузаронидании хусусиятҳои объектҳо намуди зерин дорад:
Равзанаи аз назар гузаронидани хусусиятҳои синфи объектҳо
Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони – Object Browser и феҳрасти Viеw ё бо ёрии тугмачаи зерини ҷадвали асбобҳо барқарор намудан мумкин аст:
– намуди ин тугмача.
- Равзанаи ҷойгиршавии шакл – Form Layout
Дар равзанаи равзанаи ҷойгиршавии шакл – Form Layout Шумо имконияти муайянкунии ҷои шакли экраниро дар монитор барои иҷрои барнома доред.
Агар ин равзана дар экран мушоҳида нашавад, он гоҳ онро ба воситаи фармони – Form Layout Window и феҳрасти Viеw барқарор намудан мумкин аст.
Кор бо хусусиятҳoи шакл дар Visual Basic
Хусусиятҳо дар Visual Basic атрибутҳои (сифатҳои тавсифдиҳандаи) объектҳоро ифода мекунанд. Бо ёрии онҳо метавонем намуди зоҳирӣ ва ҳатто рафтори объектро идора намоем. Ҳар як объект дар Visual Basic ақалан якто хусусият дошта метавонад. Дар баъзе объектҳо миқдори бештари хусусиятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Шарҳи баъзе аз хусусиятҳоро меорем:
- Хусусияти Backcolor
Ин хусусият ранги манзараи (фони) шаклро муайян менамояд. Барномасоз имконият дорад, ки аз рангҳои пешниҳод гардида истифода намуда, шакли худро зебо гардонад.
- Хусусияти BorderStyle
Хусусияти BorderStyle хусусиятҳои сарҳади иҳота кардаи шаклро муайян менамояд. Сарҳад метавонад, ки қайд гардида ё масштабнок бошад.
- Хусусияти Caption
Ин хусусият матнеро муайян менамояд, ки дар сарлавҳаи равзана мебарояд. Агар ба хусусияти BorderStyle қиммати None гузошта шавад, он гоҳ ном нест мегардад.
- Хусусияти Controlbox
Ин хусусият қимматҳои True (ҳаққонӣ) ва False (қалбакӣ) – ро мегирад, ки он мавҷуд будан ё набудани тугмачаҳои менюи равзанаро муайян менамояд. Бояд қайд намоем, ки хусусиятҳои BorderStyle, Controlbox, Maxbutton ва Minbutton робитаи мутақобила доранд.
- Хусусияти ForeColor
Хусусияти мазкур ба ранги объектҳо таъсири худро нарасонида, балки ранги матнро иваз менамояд. Масалан, агар хоҳед, ки манҳоро бо ранги сурх бароред, он гоҳ дар хусусияти ForeColor ранги сурхро интихоб кунед.
- Хусусияти Namе
Ин яке аз хусусиятҳои муҳими барномасозӣ ба ҳисоб меравад. Вай номеро муайян менамояд, ки тавасути он Visual Basic объектҳоро ҳангоми ҳалли барномаҳо муайян менамояд. Барои дуруст фаҳмидани вазифаи замима номи вай бояд маънои пурмазмун дошта бошаду пеш аз он префикси frm илова карда шавад.
- Хусусиятҳои Maxbutton ва Minbutton
Ин хусусиятҳо барои дар кунҷи равзанаи лоиҳа баровардани (қиммати TRUE) ё нест гардонидани (қиммати FALSE) тугмачаҳои калонкунӣ (Maxbutton) ва хурдкунӣ (Minbutton) хизмат мекунанд.
- Хусусиятҳои Hеight ва Width
Хусусияти Hеight баландии шаклро муайян менамояд. Вайро метавонем бо аз як тарафи шакл дошта иваз намоем. Хусусияти Width барои муайян кардани дарозии шакл хизмат мекунад. Вай дар якҷоягӣ бо хусусияти Hеight истифода мешавад.
- Хусусиятҳои Lеft ва Icon
Хусусияти мазкур барои муайян кардани масофаи шакл то канори чапи равзанаи асосӣ хизмат менамояд. Вай бо хусусияти Top якҷоя истифода мегардад.
Хусусияти Icon барои гузориш кардани суратча барои шакл хизмат мекунад. Барои интихоби суратча лозим аст, ки ба номи хусусият ишораи мушакро бурда, тугмачаи онро ду бор паси ҳам зер кунем
Источник
кори иброхим
10:59
Кори Иброхим аз хадиси Паёмбар оиди сулх (Эътикод TJ)
10:59
186755
3:57
Кори иброхим х.довуд киса
3:57
223132
43:43
Кори Иброхим. мохи рамазон 2018.
43:43
681175
5:07
КОРИ ИБРОХИМ КИССАИ 2 ДУСТ ХЕЛО ТАХСИРБАХШ
5:07
763600
18:50
КОРИ ИБРОХИМ 11.05.2020. КИССАИ НАСИХАТИ ИНСОН БА ХАР. САБТИ НАВ БЕХТАРИН СУХАНХО
18:50
358246
6:52
КОРИ ИБРОХИМ КИСАИ ХЕЛЕ ХУБО АЗ ХАЗРАТИ МУСО
6:52
572801
13:15
Кори Иброхим дар мавриди шарму хаё
13:15
823255
24:28
Кори Иброхим фазилати курбони кардан
24:28
325086
42:53
Кори Иброхим чумъаи 17.08.2018
42:53
630329
7:17
Кисса аз замони хазрати Мусо КОРИ ИБРОХИМ
7:17
721089
2:51
ГИРИЯИ КОРИ ИБРОХИМ БАРОИ МУХОЧИРОИ РУСИ
2:51
271055
4:02
Кори Иброхим , кисаи малоики Аллох
4:02
304109
7:49
Кори иброхим бехтарин кисса
7:49
660035
11:57
Рад ба қори Иброҳими гумроҳ Худо чи мехурад наъузу биллаҳ._144p
11:57
329568
4:52
КОРИ ИБРОХИМ 2019
4:52
875902
17:55
Кори Иброхим интихоби хамсар
17:55
597777
25:30
кори иброхим киссаи хазрати мухаммад с а в
25:30
901193
8:04
Кори Иброхим Хайфо
8:04
854511
51:28
Кори Иброхим киссаи хазрати Иброхим ва курбони кардани Исмоил(а)
51:28
961617
5:56
КОРИ ИБРОХИМ 2020 НАСИХАТ БА ЧАВОНОН
5:56
923703
Источник
Географияи саноати сабук ва хуроквории Чумхурии Точикистон
Географияи саноати сабуки Чумхурии Точикистон.
Саноати сабукяке аз сохахои мухимтарини саноати чумхури ба шумор рафта дар заминаи истифода бурдани махсулоти кишоварзи тараққи кардааст. Ин соха яке аз сохахои мухимтарини хочагии халқ буда барои таъмин намудани талаботи ахоли бо матоъ либос, пойафзол ва дигар молхои зарури хизмат мекунанд. Бинобар он дарачаи некуахволии мардумон ба тараққиёти устувори ин сохахо вобаста аст.
Саноати сабук сохаи мехнатталаб буда ба захирахои мехнати эхтиёчи зиёд дорад. Махсусан қувваи коргарии занона бештар истифода мешавад. Агар дар саноати вазнин асосан қувваи коргарии мардонаро истифода баранд дар саноати сабук қувваи коргарии зиёди занона истифода бурда мешаванд. Махсулоти ин сохаи саноат холо ба 18 мамлакати дунё содир карда мешавад.
Тавсифи саноати љангал ва коркарди чуб.
Саноати пахтатозакунизиёда аз 70 корхонахои калону миёнаро дарбар мегирад. Заводхои пахтатозакуни бо корхонахои саноати бофандаги, равғанкаши, химия, машинасози ва энергетика алоқаи зич доранд.
Саноати матоъхои пахтагин.Ин сохаи саноат нисбат ба имкониятхои мавчуда дар чумхури чандон тараққи накардааст ва талаботро қонеъ карда наметавонад. Саноати матоъхои пахтагини Точикистон дорои 2 – корхонаи калон, ки 99 % махсулоти онро истехсол мекунанд (Итиходияи истехсолии матоъхои пахтагини шахри Душанбе ва фабрикаи бофандагии шахри Конибодом) ва якчанд корхонахои хурду миёна ва муштарак (корхонаи муштараки «Чавони», корхонаи муштараки Точикистон бо Кореяи Чануби «Кабоол – Точик – Текстайл» дар шахри Хучанд, ЧС «Ресанда» дар шахри Қурғонтеппа, корхонаи калобаресии Фархор ва ғайра) мебошад.
Саноати абрешимяке аз сохахои хеле қадимтарини саноати чумхури аст. Корхонахои саноати абрешим асосан дар шахрхои Душанбе, Хучанд, Конибодом чойгир шудаанд. Корхонахои коркарди аввалини ашёи хом – пиллапази қариб дар хамаи нохияхое, ки ба кирмакпарвари машғуланд, чойгир карда шудаанд. Калонтарин корхонаи он камбинати абрешими шахри Хучанд аст, ки хар сол 93 % матоъи абрешими чумхуриро истехсол мекунад аст. Дар баробари ин ЧСШК «Точикатлас», корхонаи муштараки «Абрешим»-и Ветнаму Точикистон ва дигархо мебошанд.
Саноати пашмаз корхонахои иттиходияи қолинбофии шахри Қайрақум, ки соли 1961 ба фаъолият шуруъ кардааст, фабрикаи калапушхои пашмини шахри Хучанд ва як қатор корхонахои хурду миёна, ки дар нохияхои чануб ва шимоли чумхури чойгир шудаанд.
Саноати чарму пойафзолдар таркиби саноати сабук хиссаи начандон калон дорад. Корхонахои калонтарини ин соха дар Душанбе, Хучанд ва Қурғонтеппа чойгир шудаанд. Ин корхонахои дар заминаи итиходияи чарми Душанбе, инчунин ашёи хоми кашонида кор мекунад. Дар якқатор нохияхои чумхури корхонахои хурд (ЧСШК «Муина»-и нохияи Бохтар, коркарди пусти нохияи Данғара ва ғайра) бунёд гардидаанд. Корхонахои чарму пойафзол бо якдигар зич алоқаманд мебошанд.
Дар як қатор шахрхои чумхури корхонахои кулолгари ва хунархои бадеи вучуд дорад. Дар шахри Турсунзода бошад заводи махсулоти чинивори сохта шудааст, ки ба истехсоли чойник, пиёла, табақахои чини, хиштхои баоташ тобоваранда, изоляторхо ва ғайрахо махсус гардидааст.
Саноати дўзандаги –бо хусусиятхои хоси чойгиршавии худ фарқ мекунад. Вале махсулоти он талаботро пурра қонеъ намегардонад. Тараққиёти минбаъдаи ин сохаро бе тачхизонихои техники, чалби коргарони истисоснок, бехавасмандгардонии коргарон тасаввур кардан нашояд. Корхонахои калонтарини он ЧСШК «Зинат», КМ «Чавони», ЧСШК «Гулдаст» ва ғайрахо мебошанд.
Географияи саноати хўроквории Чумхурии Точикистон.
Саноати хўрокворихамчун қисми мухими комплекси агросаноати дар таъмин намудани ахоли бо озуқа ва самаранок истифодабарии захирахои ашёи хом нақши мухимро мебозад. Ин соха саноат аз 34 корхонаи калони саноати, 55 корхонаи агрохочаги, 18 корхонахои хурд ва 10 – хо корхонахои дигар иборат аст. Холо сохахои консерваи меваю сабзавот, майкаши, равғанкаши, равғани эфир ва хўроквори ривоч меёбад. Саноати хўроквории чумхури заминаи мустахками ашёи хом дорад. Саноати хўроквориро сохахои кишоварзи, боғу токдори ва чорводори бо ашёи хом таъмин менамояд. Иншоотхои асосии он ЧСШК – и «Комбинати консервабарории шахри Хучанд», ЧС «Тамоку», ЧС «Шахрина», ЧСШП – и «Сиёма», КМ – и «Оби – Зулол», ЧСШП – и «Фабрикаи тамокуи шахри Душанбе», заводхои равғанкашии шахрхои Душанбе, Конибодом, Қурғонтеппа, Кулоб, комбинатхои ордкаши, истехсоли машрубот ва оби чав, намаки ош ва ғайрахо мебошанд.
Саноати равғанкаши –аз пумбадона равған истехсол мекунад. Ин соха дорои чор корхонаи калони (Душанбе, Конибодом, Қурғонтеппа, Кулоб) мебошад, ки иқтидори истехсолии онхо хар сол зиёда аз 29 хаз. тонна равғани растани мебошад. Дар асоси партовхои онхо собуни чомашўи истехсол менамоянд. Дар корхона ғайр аз равған боз миқдори зиёди кунчора тайёр карда мешавад, ки хўроки серғизои чорвоаст. Дар Точикистон ғайр аз равғани пахта инчунин равғани эфир аз анчибар истехсол карда мешавад, ки дар саноати косметики ва қаноди васеъ истифода карда мешавад. Корхонахои он дар нохияхои Турсунзода ва Қумсангир чойгиранд. Дарачаи истехсолот дар ин корхонахо хело паст шудааст.
Саноати консервасохаи махсусгардидаи саноати хўрок-вори буда ба коркарди махсулоти наботи ва хайвони (сабзавот, мева, шир, гўшт), машғул аст. Вай аз 12 корхона иборат аст. Корхонахои консервабарори дар вилояти Суғд дар шахрхои Хучанд, Конибодом, Исфара, Уротеппа ва Панчакент чойгир шудаанд, ки 80 % махсулоти чумхуриро истехсол мекунанд. Дар нохияхои води Хисро 12,5 %, Вахш 5,1 % ва Кўлоб 1 % махсулоти саноати консерви истехсол карда мешаванд.
Истехсоли махсулоти тамокукорхонаи тамоку феметиро дар бар мегирад, ки онхо корхонахои муштараки Точикис-тону Хитой ва Точикистону Шветсия буда дар шахрхои Душанбе ва Панчакент чойгир шудаанд.
Корхонахои қаноди дар шахри Душанбе ва Хучанд чойгир шудаанд. Иншооти калонтарини ин соха фабрикаи «Ширин» – и шахри Душанбе мебошад.
Калонтарин корхонахои саноати ордкаши бошад дар шахрхои Душанбе, Вахдат, Қайроқум, Нов, шахраки ба номи Исоев (Колхозобод) сохта шудаанд. Комбинатхои гўшт бошад дар шахри Дуанбе, Хучанд ва заводи гушт дар шахрхои Қурғонтеппа, Кўлоб, Конибодом, Исфара, Панчакент бунёд шудаанд, ки ба коркард ва истехсоли махсулоти гушти, хасиб ва ғайрахо сару кор доранд.
Дар шахрхои Душанбе, Хучанд, Қурғонтеппа ва Кўлоб комбинат ва заводхои коркарди шир сохта шудаанд. Онхо маска, чурғот, шир, творог, қаймоқ, сметана, панир, яхмос ва ғайрахо истехсол менамоянд.
Саноати ситехсоли намаки ош бошад дар чумхури 2 корхонаи асосиро дарбар мегирад, ки намаки йоднок истехсол менамоянд ва дар нохияхои Восеъ ва Ашт чойгир шудаанд. Иқтидори истехсолии солонаи онхо 73 хазор тоннаро дарбар мегирад.
15 Загрузки
Источник