Чои кори холи дар вазорати маориф
Роҳнамо
Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда
Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда
Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда
04/07/2018
Тафсир
Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы
Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы
04/07/2018
Тафсир
Паёмҳо
Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
12/02/2020
Тафсир
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.2019
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе
27/12/2019
Тафсир
СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
04/01/2019
Тафсир
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон (12.2018)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба
04/01/2019
Тафсир
КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озоди
04/07/2018
Тафсир
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд-СМР-2030)
04/07/2018
Тафсир
Cомонаҳои ҳаммазмун
Версияи мобилии системаи kor.tj
Шарикони мо
Источник
Ахбор
-
ҚАРОРИ СИТОД ОИД БА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМИ СИНФҲОИ 9 ВА 11 БА ТАСВИБ РАСИД
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар он вобаста ба аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул гардид:
1. …01-06-2020
-
224 КИТОБ ДАР ШАКЛИ 3D
Охири моҳи майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вазорат намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли 3D ҷой карда шуд.
Аз шумораи умумии 224 адад китоби электронии шакли 3D 166 ададашро китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои …01-06-2020
-
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пас аз ифтитоҳи Маркази ташхиси тиббӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коллеҷ нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ, …28-05-2020
-
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.
Имсол мардуми сайёра, аз ҷумла мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар …23-05-2020
-
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон
Ҷавонони азиз!
Ҳамаи шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат самимона табрик мегӯям.
Бо дарназардошти он, ки ҷавонон нерӯи бузурги ҷомеа мебошанд, мо илова ба мақоми ваколатдор доир ба пешбурди сиёсати давлат оид ба ҷавонон боз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон …22-05-2020
Источник
-
МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ХОНАНДАГОН, ДОНИШҶӮЁН, УСТОДОН, ОМӮЗГОРОН, ПАДАРУ МОДАРОН ВА АҲЛИ МАОРИФИ КИШВАР
Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми кишвар, тавре ки огаҳӣ дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, вориди кишвари мо низ гардид.
Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. …21-05-2020
-
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ
Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!
Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.
Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, …20-05-2020
-
ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС
Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.
Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои …16-05-2020
-
ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ, НОВОБАСТА АЗ ШАКЛИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР ДАВРАИ МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТАНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ …
15-05-2020
-
ИМТИҲОНҲОИ ХАТМ БАРОИ СИНФҲОИ 9 ВА 11 АЗ 15-УМ ТО 24-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2020 БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Қаблан Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода буд, ки бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19, ки рӯзи 30-юми апрели соли ҷорӣ ба тасвиб расидааст, барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои …
12-05-2020
Источник
Ахбор
-
СОХТМОНИ 181 БИНОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
Дар соли 2020 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 181 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар …14-04-2020
-
7313 НАФАР АЗ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо Донишкадаи такмили ихтисоси …14-04-2020
-
ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МАТБУОТ НАЗАРРАС АСТ
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
Дар давраи ҳисоботӣ 21 хабару мақолаи таҳлилию танқидӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расиданд, ки ба ҳамаи онҳо аз …14-04-2020
-
101 НОМГӮЙ КИТОБИ ДАРСӢ, 67 НОМГӮЙ КИТОБИ БАДЕӢ ВА 21 НОМГӮЙ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
Яке аз самтҳои Вазорати маориф ва илм таҳия, нашр ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба китобҳои дарсӣ ва маводи …14-04-2020
-
Дар деҳаи Спинзи ноҳияи Шуғнон бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии асосии №17-и деҳаи Спинзи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд дар синфхонаҳои васеъ ва ҳарораташон муътадил таҳсилро идома медиҳанд. Дар ин деҳа бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Хонандагону омӯзгорон аз сифати кори бинокорони ҶДММ «Мадад» изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мудири …14-04-2020
Источник
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳушдор дод, ки барои паҳн кардани «маълумоти носанҷида дар бораи сирояти коронавирус» онҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад. Хабарнигорон мегӯянд, масъулон ба суолҳо саривақт посух намедиҳанд ва ин вазъ боис ба сарусадоҳо дар байни ҷомеа шудааст.
Мақомоти Вазорати тандурустӣ намунаи рӯшане наоварда, аз кори, ба гуфтаи онҳо, «ғайрикасбӣ»-и баъзе аз хабарнигорон танқид кардаанд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз хабарнигорон ба ҷойи ором кардани мардум ва даъват ба риояи қоидаҳои беҳдорӣ, «…тухми нобоварӣ ба ҳукумат ва вазоратро кошта истодаанд».
Нигаронӣ ва таҳдиди вазорат дар ҳолест, ки дар ин авохир дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи фавти мармузи сокинон дар пойтахт ва минтақаҳои кишвар аз илтиҳоби шуш зиёд шудааст.
Дар ҳоле ки масъулони Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ саривақт ба соулҳо посух намегӯянд ва вазъиятро шарҳ намедиҳанд, расонаҳо маҷбуранд, бештар ба манбаъҳои ғайрирасмӣ ва муътамади худ дар бемористонҳо такя кунанд.
Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, саривақт гирифтани иттилои зарурӣ аз Вазорати тандурустӣ мушкил аст.
Ба пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ барои ташкили нишастҳои ҳаррӯзаи хабарӣ дар робита ба вазъи феълӣ мансабдорон посухи рад додаанд.
«Ин ғайри қобили қабул аст. Ин бемасъулиятии афроде аст, ки дар Вазорати тандурустӣ дар бахши иттилоъ кор мекунанд. Фикр мекунам, дар шароити феълӣ пинҳон кардани маълумот ҷиноят аст. Мо ҳатто ба ҳамкоронамон дар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардем, ки таҷрибаи нишастҳои хабарии ҳаррӯзаро роҳандозӣ кунанд, то ҳар рӯз ба хабарнигорон маълумоти нав дода шавад», — мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.
Бархе аз хабарнигорон мегӯянд, аз охири моҳи март ба ин тараф тақрибан ҳар рӯз дар бораи марги ин ё он нафар аз пневмония дар гӯшаҳои кишварпаҳн мешавад, вазорат ҳанӯз нагуфтааст, ки дар ин муддат чӣ қадар беморони илтиҳоби шуш дар шифохонаҳо ҷойгир шуда, чӣ қадар фавтидаанд.
Бархе аз таҳлилгарон дар нашру паҳн шудани хабарҳои зидду нақиз ва ё тасдиқнашуда дар расонаҳо худи мақомотро гунаҳкор медонанд.
Таҳлилгари тоҷик, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, агар хабарнигорон ҳам дар ин вазъ хомӯширо ихтиёр кунанд ва аз рӯйдодҳои ахир нагӯянд, пас, холигоҳи иттилоотиро дар воқеъ овозаҳои беасос ва хатарнок пур хоҳанд кард.
«Вуҷуди ихтилоф байни хабарнигорон ва Вазорати тандурустӣ, ба ин маънӣ аст, ки ҷомеа ба иттилои бештар ниёз дорад, на журналистон. Ҳатто ҳоло агар Озодӣ ва расонаҳои дигар нашри хабарҳоро дар ин мавзӯъ қатъ кунанд, вазъ бадтар хоҳад шуд. Зеро ҷойи онро сару садоҳои дигар мегирад, ки ба манфиати ҳукумат нест», — таъкид мекунад Парвиз Муллоҷонов.
Расман дар Тоҷикистон ягон мавриди сирояти сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст. Мақомот мегӯянд, агар ягон ҳолати гирифторӣ ба вирус ошкор мешуд, ҳатман ин хабар аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон мешуд.
Вале хабарҳои афзоянда аз фавти ин ё он шахс аз пневмония ё илтиҳоби шуш дар дили бисёриҳо шубҳаеро барангехтааст, ки то куҷо ин рӯйдодҳо ба вируси корона рабт доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нақши намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳам изҳори ноқаноатмандӣ карда, шаффофияти кори созмонро дар кишвар зери суол гузоштаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Источник