Чойхои кори холи дар чт
Роҳнамо
Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда
Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда
Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда
04/07/2018
Тафсир
Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы
Путеводитель для лиц, освободившихся из мест лишения свободы
04/07/2018
Тафсир
Паёмҳо
Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
12/02/2020
Тафсир
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.2019
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе
27/12/2019
Тафсир
СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
04/01/2019
Тафсир
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон (12.2018)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба
04/01/2019
Тафсир
КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озоди
04/07/2018
Тафсир
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд-СМР-2030)
04/07/2018
Тафсир
Cомонаҳои ҳаммазмун
Версияи мобилии системаи kor.tj
Шарикони мо
Источник
28-уми сентябри соли 2016
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН
Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ)
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ) барои таҳияи тестҳо аз фанни мазкур масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олӣ дар соҳаи таърих (таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ бартарӣ дониста мешавад);
– таҷрибаи омӯзгории на кам аз 6 сол;
– таҷрибаи корӣ ҳамчун омӯзгор-таҳиягари тестҳо на кам аз 2 сол;
– донистани равишҳои нави тестгузаронӣ ва таълим;
– дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;
– малакаи баланди муошират;
– малакаи хуби кор бо компютер;
– нутқу саводи хуби хаттӣ аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (ба донандагон забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
Ба шахсоне, ки бо Марказ ҳамчун корманди муваққатӣ (муқарриз, таҳиягари тестҳо) ҳамкорӣ кардаанд ва ё дар таҳияи супоришу тестҳо барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок доштаанд, бартарӣ дода мешавад.
2. Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ барои сари вақт гузаронидани ташхиси техникӣ, корҳои профилактикӣ, таъмири асосӣ, таҷдиди қисматҳои таҷҳизот ва версияҳои таъминоти барномавӣ нисбат ба техника ва шабакаи компютерии дар Марказ истифодашаванда масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);
– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти хизматрасонии таҷҳизот ва таъминоти барномавии компютерҳо ва шабакаҳои компютерӣ;
– таҷрибаи корӣ дар насбу танзим, хизматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти компютерӣ ва офисӣ, таъминоти барномавӣ бо назардошти версияҳои шабакавии онҳо;
– маҳорати ташкил ва гузаронидани дарс (машварат)-ҳои фосилавӣ бо кормандони бахшҳои минтақавӣ дар самти дастгирии техникӣ;
– мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;
– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;
– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).
Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.
3. Мутахассис-барномасоз
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Мутахассис-барномасоз барои иштирок дар равандҳои гуногуни коркарди коркарди иттилоот, аз ҷумла таҳияи қолабҳои ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ, қабул ва назорати иттилооти воридшаванда, омода кардани додашудаҳои аввалия, тавлиди ҳисоботҳо, нашри ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва ғайра масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);
– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самтҳои: барномасозӣ дар муҳит ва забонҳои муосири барномасозӣ; истифодаи системаҳои амалиётии муосир ва дастаи барномаҳои амалӣ;
– малакаи хуби корӣ дар самти насбу танзим ва таҷдиду истифодаи таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ;
– фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳо: забонҳои дархостӣ, коркарди додаҳо, системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо;
– дониши назариявӣ ва маҳорати амалӣ кардани усулҳои санҷиши таъминоти барномавии таҳия ва таҷдидшаванда барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта;
– малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
– маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва таҳлили масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;
– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;
– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).
Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.
4. Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии бахши минтақавии шуъбаи ташкил ва имтиҳони Марказ дар шаҳри Хуҷанд
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ барои таъмини кори доимии таҷҳизоти компютерӣ, таъминоти барномавӣ ва шабакаи компютерии бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, насбу танзим, ташхису таҷдид ва хизматрасонии онҳо, инчунин таъмини машварат ва дастгирии техникии кормандони асосӣ ва муваққатӣ дар минтақа вобаста ба масъалаҳои истифодаи ТИК масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр);
– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти насбу танзим, таҷдиду ташхис ва хизматрасонию истифодаи таъминоти барномавӣ (системаҳои амалиётии муосир, дастаи барномаҳои амалӣ ва ғайра), таҷҳизоти компютерию офисӣ ва шабакаҳои компютерӣ;
– қобилияти хуби корӣ ва малакаи хуби муошират;
– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).
Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.
5. Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ:
– дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 08:00;
– дар рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 08:00-и рӯзи дигар.
Талаботи тахассусӣ:
Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои муҳофизати кормандон, бино ва таҷҳизот дар дохили бахши минтақавӣ, танзиму риояи тартибот дар дохили муассиса, назорати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ, бақайдгирии шаҳрвандони ба Марказ муроҷиаткунанда ва амнияти бахши минтақавӣ масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти миёна ва ё миёнаи махсус;
– собиқаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ (ба шахсони синнашон то 50-сола афзалият дода мешавад);
– малакаи хуби муошират;
– малакаи кори хаттӣ.
Хоҳишмандон дар озмун тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳояшонро (ариза, нусхаи шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИЦ) ва резюме бо забони тоҷикӣ) ба Марказ бо нишонии зерин пешниҳод намоянд:
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192
Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68
Факс: (+992 37) 224 53 66
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 17-уми октябри соли 2016, то соати 16:00
Источник
Источник