Китоби кори хамшираги дар тибби оилави
Кори хамшираги дар педиатрия
Муаллиф(ҳо):
Номаълум
Хонданд: 41
Аз назар гузарониданд: 1627
Категория: Биология
ISBN:
Сол: 2012
Ҳаҷм: 118 саҳифа
Навъ: Таълми
Нашриёт: Душанбе
Санаи дохилкунӣ: 25.04.2016 15:35:31
Китобро хонданд
Санаи хондани китоб | Насаб, ном, номи падар | Логин | Бақайдгирӣ да система |
---|---|---|---|
18.01.2017 17:06:51 | Содиков Фирузчон Ходихочаевич | фируз | 18.01.2017 17:04:51 |
19.02.2017 18:29:18 | Обидова Шохида Муродовна | Shohida199812@gmail.com | 19.02.2017 18:23:23 |
19.02.2017 19:18:12 | Обидова Саодат Абдумачидовна | Saodat197234 | 19.02.2017 19:16:02 |
04.03.2017 18:10:08 | Машарифов | Нозир | 04.03.2017 18:06:19 |
05.05.2017 11:16:46 | Сохиби Саидмурод | sohib | 03.11.2015 11:28:20 |
31.05.2017 09:31:51 | Shukurov S | sanat8080 | 02.02.2017 15:06:01 |
31.05.2017 10:24:52 | Займуддинов Ҳофиз Абдусатторович | zaimuddinov | 31.05.2017 10:21:52 |
02.06.2017 12:38:29 | Lutfullo Tagoev | lutfullo.tagoev@gmail.cim | 02.06.2017 12:36:42 |
05.08.2017 15:05:43 | Хочибоев Дилшод Мухаммадович | dilshod202 | 05.08.2017 15:04:53 |
21.09.2017 14:24:26 | ibod | bozor | 29.03.2017 17:44:13 |
30.09.2017 10:41:05 | саид шариф | 919991893 | 30.09.2017 10:35:53 |
18.10.2017 22:43:47 | Asrori Muhtor | Doktorxxx1991 | 18.10.2017 22:39:00 |
01.11.2017 22:25:55 | Шарипова нодира салимовна | Нодира | 23.10.2016 21:55:37 |
04.12.2017 11:54:21 | Ҷонузокова Қумринисо Эргашевна | 2017140313 | 04.12.2017 11:22:51 |
18.01.2018 22:04:27 | усмон Ятимов | Usmon 23 | 18.01.2018 21:59:44 |
22.02.2018 12:20:11 | Каюмов А | ддот | 17.11.2016 10:19:10 |
04.03.2018 22:03:33 | Davron | odinaev02061998@gmail.com | 04.03.2018 21:57:02 |
28.03.2018 22:26:56 | Суман | Suman96 | 28.03.2018 22:18:53 |
05.04.2018 13:39:11 | Хусенов Диловар | Диловар | 05.04.2018 13:37:57 |
08.05.2018 21:02:49 | Nata Makhmudova | nata_makhmudova | 08.05.2018 21:01:38 |
18.05.2018 08:49:55 | Абдулазиз Курбонов | Abdulaziz | 18.05.2018 08:49:05 |
23.05.2018 11:10:28 | Сатторова | Gulihon_17 | 23.05.2018 11:05:28 |
16.06.2018 16:18:04 | гуля назарова | гуля | 16.06.2018 16:15:08 |
17.06.2018 03:01:50 | Husen Usarzoda | husen.zokirov.94 | 17.06.2018 03:01:32 |
26.06.2018 19:21:08 | Саримсоков Чурабек Шарафович | 929766007 | 26.06.2018 18:54:48 |
11.09.2018 10:19:35 | Назаров Саъди Абдурахимович | nsadi | 04.09.2018 11:19:50 |
22.09.2018 10:37:18 | Cорбон Курбонов | sorbon_9199 | 22.09.2018 10:33:24 |
20.12.2018 18:52:11 | МАГГА | MAGGA1999 | 20.12.2018 18:47:27 |
17.02.2019 21:00:54 | Азимов Чамшед | 1995 | 16.05.2017 07:18:52 |
21.02.2019 09:44:30 | АЗИЗ | Aziz_97 | 12.12.2017 13:30:57 |
21.02.2019 20:23:50 | Qosimov Firuz | FQ | 21.02.2019 20:23:28 |
09.04.2019 19:17:31 | Мухиддинов Сорбон Амониллоевич | sorbon_mail | 09.04.2019 15:59:37 |
20.05.2019 12:05:23 | Hiro Esoiyon | zevaroi68 | 13.04.2019 17:01:39 |
11.09.2019 16:06:37 | Фаррух Тӯхтаев Фахриддинович | +992919592003 | 07.09.2019 07:37:13 |
13.09.2019 19:30:51 | Камолов Икромиддин Иномидинович | ikromiddin | 13.09.2019 19:27:57 |
15.09.2019 23:05:47 | Зарифов Сорбон Бурхонович | 771111783 | 15.09.2019 22:56:42 |
27.09.2019 10:46:03 | Азизов Абдулло Рустамович | Azizov_7600 | 27.09.2019 10:40:20 |
11.11.2019 16:52:11 | Маликов Рамазон Исмоилович | ramazonmalikov@gmail.com | 12.02.2019 22:27:14 |
06.12.2019 08:13:41 | ahadjon nematov | ahadjon.nematov | 04.12.2019 08:15:33 |
08.03.2020 14:27:55 | Олимов Илхом | ILHOM OLIMOV | 08.03.2020 14:27:26 |
09.04.2020 18:11:25 | OH | nizomjon-97 | 09.04.2020 18:11:01 |
Источник
Дар Маркази навтаъсиси тибби оилавӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ман гуфтанд, нахустин панҷоҳ табиби Суғд пас аз хатми давраи шашмоҳаи вижаи омӯзишӣ дар ин марказ ба ҳайси табиби оилавӣ дар ду ноҳияи устон: Ашт ва Спитамен нав шурӯъ ба фаъолият кардаанд. Муслима Маҳмудова, як ҳамшираи шавқат аз деҳкадаи Шайдони ноҳияи Ашт аз ҷумлаи нафаронест, ки ба худ ихтисоси тозаи табиби оилавӣ касб карда ва мегӯяд, ин кори нав ба вай писанд омадааст:
Муслима Маҳмадова: «Ман акнун аз ҳамон рӯзе, ки кӯдак таваллуд мешавад, сар карда, дар тамоми умраш ба вай ёрии тиббӣ хоҳам расонд, яъне ҳолати тандурустии оилаҳое, ки вобастаи мост, ҳамеша дар таҳти назоратамон қарор хоҳад дошт.»
Фарқи тибби оилавӣ аз тибби анъанавӣ
Мафҳумҳои тибби оилавӣ ва табиби оилавӣ нав ба зеҳни сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла Суғд роҳ меёбад. Тибби оилавӣ аз тибби ба истилоҳ анъанавӣ чи фарқ дорад? Ин саволест, ки имрӯзҳо сокинони Суғд бисёр бар забон меоранд. Эҳсон Тоҷибоев — муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии таълими тибби оилавӣ дар Тоҷикистон тарзи хидматрасонии тибби оилавиро чунин шарҳ медиҳад :
Эҳсон Тоҷибоев: «Пеш чи хел буд? Кӯдак таваллуд мешуд, духтури кӯдакон нигоҳубин мекард, чордаҳ — понздаҳсола, ки мешуд, духтури наврасон медид, ба балоғат , ки расид, ба дасти духтури узвҳои дарунӣ мегузашт. Аммо акнун ҳама назорат ба дасти як гурӯҳ — духтури мутахассис ва ду ҳамшираи шафқат мегузарад. Ин сифати кори онҳоро баланд мебарад.»
Ба гуфтаи Зайнидин Орифӣ — ҳамоҳангсози маркази татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти тандурустӣ дар вилояти Суғд тибби оилавиро дар шароити кунунии Тоҷикистон ба тибби ба истилоҳ анъанавӣ, ки аз давраи Шӯравӣ мондааст, бартарӣ медиҳад:
Зайниддин Орифӣ: «Тибби оилавӣ аслан хоси кишварҳои қашшоқ аст. Барои ҳазору пансад нафар аҳолӣ як табиби оилавӣ ва ду ҳамшираи шафқат рост меояд. Ба табибони оилавӣ маблағ аз буҷаи давлат пардохта мешавад. Аммо ба шакли дигар — давлати Тоҷикистон ба ҳар сокини кишвар барои табобат аз буҷа маблағ ҷудо мекунад ва сокинон онро ба табибони оилавӣ пардохт мекунанд. Аз ин рӯ, маоши табибони оилавӣ аз ҳозира моҳонаи табибон ба маротиб баланд хоҳад буд.»
Назари табибони мухолиф
Аммо дар ҳоли ҳозир, ба иттилоъи Маркази тибби оилавӣ дар Суғд, ба ҳар панҷсад сокини вилоят як табиби соҳибихтисос ва низ як ё ду ҳамшираи шафқат рост меоянд. Моҳонаи миёнаи табибони тоҷик 37 сомонӣ аст. Ба гуфтаи табибон, набуди таҷҳизоти муосири тиббӣ, фароҳам набудани имкониятҳои такмили маълумоти ихтисосӣ ва ночизии маош сатҳи хидматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон поин бурдааст.
Вале оё ҷорӣ кардани хадамоти тибби оилавӣ вазъи табобат ва хизматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баландтар хоҳад бурд? Ҳамсӯҳбатонам — табибони дорои маълумоти олии тиббӣ аз як бемористон ва як ташхисгоҳи тиббии Хуҷанд ба ин бо шубҳа назар мекунанд:
«Ба фикри ман, ҳоло табибони мо ва сокинони Тоҷикистон ҳам ба тибби оилавӣ омода нестанд. Шароити мо мисли Амрикову Фаронса нест. Дар мо дар мӯҳлати шаш моҳ ҳатто духтури соҳибихтисос ҳам хонда, ҳам духтури кӯдакон, ҳам духтури калонсолон ва ҳам духтури занона шуда наметавонад.»
«Тибби оилавӣ мутобиқ ба талаботи давр аст. Аммо ҳар табиб соҳаи худашро хуб медонад. Дар бахшҳои дигар душворӣ мекашад. Бинобар ҳамин зарур аст, ки тайёрии табибони оилавӣ дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо оғоз ёбад.»
Ба ҳамин тариқ, ба назари бархе аз табибони Суғд, ҷорӣ намудани хадамоти тибби оилавӣ ба ҷои тибби анъанавӣ ба гумон аст, вазъи хадамоти сиҳатиро беҳбуд бахшад. Ба ҳар ҳол, инро оянда нишон хоҳад дод.
Дар ҳоли ҳозир, таҳти сарпарастии Иттиҳодияи байналмилалии рушд, мутааллиқ ба Бонки ҷаҳонӣ дар ду ноҳияи Суғд: Ашт ва Спитамен ба таври озмоишӣ тибби оилавӣ ҷорӣ мешавад ва ба гуфтаи масъулини ин барнома, то соли 2010 бояд анҷом ёбад. Барои татбиқи барномаи тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ беш аз 17 миллион доллари ИМ воми бебозгашт ихтисос дода шудааст. Ҳамзамон бо мусоидати молии Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Маттаҳида — Юсаид ва Бонки рушди Осиё дар навоҳии Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ ва Конибодому Исфара низ марказҳои тибби оилавӣ боз шудаанд.
Источник
Саида Ҷобирова, нахустмуовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар тибби оилавӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад.
Ҳамдуллоҳ Сафаров, даҳ сол аст, ки табиби оилавӣ ё хонаводагӣ дар маҳаллаи Саноати Душанбе аст. Сиҳатии ҳудуди 1600 нафар сокинони ин маҳалла зери назорати уст. Ҷаноби Сафаров ҳам табиби кӯдакон ҳаст, ҳам табиби бузургсолон, маъсулияти ташхиси дақиқ кардани маризиҳои мухталиф ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба маризони гуногунро бар ӯҳда дорад.
Ҳарчанд Ҳамдуллоҳ Сафаров табиби кӯдакон аст, аммо пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ шаш моҳ дар курси тахасуси тибби оилавӣ таҳсил карда, соҳиби дипломи табиби оилавӣ шудааст. Аммо оё имкон дорад дар тули шаш моҳ як нафар бар изофа ҳама бахшҳои тибро омӯзад ва ҳама маризиҳоро ташхис карда тавонад?
Ҳарчанд коршиносони бахши беҳдоштӣ мутмаин нестанд, ки дар тули шаш моҳ як табиб кулли бахшҳои тибро комил омӯзад, аммо мардум бовар доранд, ки табиби оилавӣ ҳама дониши тиббиро дорад:
Дар ин замина Ҳамдуллоҳ Сафаров, сокини Душанбе, табиби хонаводагӣ гуфт, «мушкилот ҳаст. Дар бархе ҳолатҳо бо маризиҳои нофаҳмо рӯ ба рӯ мешавам. Вале чун дар пойтахт ҳастем аз мутахассисон оҷилан тавсияҳо мегирам. Дар ҳолати зарурат маризро ба бемористон мефиристам. Минтақаи Саноат зери назорати маркази саломатии шаҳрии шумораи 11-и Душанбе аст. Бояд дар ин минтақа 4 духтури оилавӣ ва 8 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ фаъол бошад. Вале бо сабаби набудани мутахасис дар ин минтақа ман ва 4 ҳамшираи тибби оилавӣ кор мекунем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдулҳафиз Азизов, сокини маҳаллаи Саноати Душанбе афзуд, «табиби оилавиамонро гоҳо даъват мекунем, гоҳо худаш хабар мегирад. Кадом вақти шабонарӯз, шаб ё рӯз бошад, духтурро даъват кунем, омодааст ва меояд ва маризро муоина мекунад. 80 дарсади сокинони маҳалла телефони духтури оилавиро доранд ва ҳар лаҳза ба хонае даъваташ мекунанд».
Табибони оилавӣ тобеъи муассисаҳои давлатии тиббӣ ҳастанд ва аз буҷаи давлат маоши моҳона мегиранд.
Ҳадафи аслии гузариш ба тибби оилавиро масъулини мақомоти маркази тибби оилавии Душанбе коҳиши хароҷоти мардум ҷиҳати ташхису табобат, боло бурдани сифати табобат ва назорати мунтазами сиҳатии сокинон мегӯянд. Кори табибони оилавӣ аз духтурони минтақавӣ ё «участковий врач»-ҳо бо он фарқ мекунад, як табиби оилавӣ кори табибони бахшҳои мухталифро анҷом медиҳанд.
Табиби оилавӣ маризиро ташхис мекунад, дар сурати зарурат ё навбатдорӣ ёрии таъҷилиро даъват мекунад ва ҷузъиёти маризиро ба онҳо гузориш медиҳад ва ё кӯмаки аввалия мерасонад. Дар ҳар сурат харҷи интиқоли маризӣ ба души наздикони нафари мариз ҳаст.
Дар Тоҷикистон ислоҳоти бахши тандурустӣ ва гузариш ба тибби хонаводагӣ сар аз соли 1998 оғоз шудааст. Бо гузашти 14 сол аз шурӯъи ин барнома ҳанӯз ҳам мушкили аслӣ дар ин бахш омода кардани мутахассиси тибби хонаводагӣ боқӣ мондааст. Феълан бар асоси барномаи тибби хонаводагӣ дар қаламрави Тоҷикистон панҷ ҳазор табиб ва корманди миёнаи тибб бозомӯзи шудаанд. Як табиби оилавӣ ба назорати сиҳатии 1500 нафар сокин, сарфи назар аз сатҳи зиндагӣ ва дороӣ масъул аст.
Аксари кулли мутахасисони бахши тибби оилавӣ бар асоси барномаҳои сармоягузории созмонҳои байналмилалӣ таълиму бозомузӣ шудаанд, ки инчунин барномаҳо дар ҳоли анҷомёбист.
Саида Ҷобирова, нахустмуовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, «то ҳол дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар тибби оилавӣ танҳо бо ном вуҷуд дорад. Дар ин минтақаҳо раҳбарони муассисаҳои тиббӣ ба ин масъала аҳамияти хос намедиҳанд. Нақшаи омода кардани табибони оилавӣ на дар ҳама шаҳру навоҳӣ вуҷуд дорад. Аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ бо ин ҳадаф сармояҳои ночиз ихтисос мешавад ё умуман ҷудо намешавад».
Мусаббӣ Абдулоева, раҳбари маркази таълими клиникии тибби хонаводагии вилояти Суғд бар ин назар аст, «Яке аз мушкилоти аслии табибони оилавӣ кам будани таҷҳизот барои фаъолият мебошад. Дигар мушкил поин будани маоши моҳонаи табибони оилавӣ аст. Дар зимн мушкили дигар пеш омадааст, ки ҷавоне, ки макотиби оливу миёнаи тиббиро хатм мекунанд, ба навоҳии дурдаст барои кор дар бахши тибби оилавӣ рафтан намехоҳанд».
Сар аз соли 2010 дар назди марказҳои вилоятии таълимию клиникии тибби хонаводагӣ 10 шӯъбаи ноҳиявии омодасозии мутахассисони ин бахши беҳдоштӣ фаъол шудааст. Дар маркази ҷумҳуриявии ва шӯъбаҳои он марказ 3 нафар табиби омӯзгор ва 21 омӯзгори корманди миёнаи тибб, дар вилояти Хатлон 14 табиби омӯзгор ва 9 омӯзгори корманди миёнаи тибб, дар вилояти Суғд мутаносибан 11 ва 9, дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 4 табиби омӯзгор ва 2 ҳамшираи тибби омӯзгор ба бозомӯзии табибони хонаводагӣ масъуланд.
Источник
Абӯалӣ Сино
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلىسينا) ё Ибни Сино, (16 августи 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни 1037, Ҳамадон) – яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос – астроном, химик, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос (психолог), файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги исломии форсу тоҷик аст.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои “Ал-Шифо” ва “Қонун” ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчун “падари геология” низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Зиндагинома
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибн Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоя дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.
Тарҷумаи ҳол
Абуали ибни Сино 980-1037 Яке аз бузургтарин нобигахои чахони дар хамаи давру замонхо, олими забардасти точик Абуали ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар сохахои нихоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё сахми босазое гузоштааст. Вай парвардаи мухити фархангии Сомониён буд. Вале кисми зиёди умри Абуали ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ходисахои мудхиши нимаи аввали асри XI сипари гардид. У гох чун табибу файласуф, баъзан ба сифати факеху вазир, хатто замоне чун махбуси зиндони хаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшохону маликон низ рузгор гузаронидааст. Аммо у лахзае аз омузиш гафлат наварзида, аз пажухиш ва корхои илми фориг набуд.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онхо маълумоти анике дастрас нест, санахои зиёде аз рузгори Абуали ибни Сино маълум аст. Рузгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Факехии Чузчони имло шудааст. Вокеаву ходисахои 25 соли охири умри Абуали ибни Синоро Абуубайд, ки хамеша хамрохи устод ва шохиди рухдодхо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли араби ва тарчумахо ба забонхои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абуали Абдуллох ибни Хасан ибни Али ибни Сино ном дошт ва аслан аз ахли Балх буд. Вай дар замони Нух ибни Мансур (976-997) ба Бухоро омада, дар дехаи Афшана (Рометани имруза) ба кори мулки шугл варзид. Вай дар дехаи Афшана бо Ситорабону ном дехкондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки уро Хусайн ном ниходанд. Соли 985 оилаи Абуали ибни Сино, вакте ки у ба синни панчсолаги мерасад, аз Афшана ба Бухоро кучид. Абдуллох, ки аз шахсони фозил ва маърифатдуст буд, Хусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5-солаги то 10-солаги дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу нахви забони арабиро омухт, илмхои адабро аз худ кард. Ба илмхои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу нахв хаттоти, маъони, кироат, аруз, кофия, лугат, имло, услубшиноси ва амсоли инхо дохил мешуданд. Нихоят Хусайн Куръонро омухта онро хифз намуд. Минбаъд Абуали лакаби Шайхро гирифт, зеро хар касе, ки Куръонро аз ёд мекард уро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдулох писари худро аз мактаби ибтидои гирифта, назди муаллимони хусуси гузошт, ки онхо асосхои илмро ба у омухтанд. Абуали аз чихати чисмони бенукс, дар хусну хулк зебо буда, зехни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омузгорон ба хайрат мемонданд. Дар он овон Хусайнро падараш назди Абдуллохи Массох, ки аз донишмандони сохаи хисобу хандаса буд, ба шогирди гузошт. Абуали аз устодаш дар андак вакт хисобу хандасаро омухта, дар омузиши ин илм муваффак шуд. Бар замми ин Абуали дар назди Исмоили Зохид ду сол ба омухтани тафсири Куръон, хадиси пайгамбар ва фикх мепардозад. Ба хамин тарик, Абуали то 12 солаги дар тафсир, хадис ва фикх махорат пайдо кард. Вай хамеша чун бехтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи бахс, одоби музокира, тарзхои эътироф ба хариф ва хусни муховараро нагз омухта буд. Истиклоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навчавони дар рохи илм пешрав буд. Дар масъалахои маслаку мафкура у истиклоли худро хатто аз падари хеш хам нигох медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абуали аз пайи такмили донишу маърифат гашт. Абуали то 15-солаги илмхои табииёт, илохиёт, фалсафа, хикмати илохи, нучум, мусикии назари ва амалиро мустакилона омухта, дар 16-солаги ба омухтани илми тиб машгул шуд. Абуали илми тибро аз Абумансур Хасан Камарии Бухорои, ки табиби дарбори Нух ибни Мансур буд, омухт. Аслан омузиши илми тибро у дар 12-солаги шуруъ карда буд, вале ба маслихати Абусахли Масехи аз идомаи тахсил худдори намуда, чанде таваккуф намуд. Ба хамин тарик, Абуали дар 16-солаги чун як табиби хозик дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Хамчунин ба такмили дониши худ дар сохаи илми фикх, мантик, фалсафа, табиатшиноси, риёзиёт ва илми илохи баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуали шахси нихоят пуркор, чидди ва мехнатдуст буд. Нафакат акли расо ва кобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии у мешуд, балки кушиши амик, сабру токат ва чахду талошхояш низ воситае буд, ки пирузи ва комёбихои маънавии уро таъмин мекард. Доир ба тахсили илм мегуяд: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рузона ба чуз омухтани илм ба коре машгул нашудаам». Абуали то 18-солаги тамоми донишхои расми ва гайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад: “Чун ба 17-солаги расидам, аз омухтани хамаи ин илмхо фориг шудам. Он руз дар илм бехтарин хифзкунанда будам, имруз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст ”. Абуали ибни Сино хак дошт, ки он вакт бигуяд:
Аз каъри гили сиях то авчи Зухал,
Кардам хама мушкилоти гетиро хал.
Берун частам зи кайди хар макру хиял,
Хар банд кушода шуд, магар банди ачал.
Мероси илмӣ ва адабӣ
Абуали дар чахон аз пурмахсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эчодии вай аз 17-18 солагиаш дар солхои 996-997 шуруъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. У осори насриву назмиашро хам ба араби ва хам ба точики эчод кардааст. Сабаби бисёре аз асархои худро ба забони араби навиштани Абуали он аст, ки забони араби дар он замон хамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Хамчунин китобхои зиёди илмию ахлокии юнони, иброни, хинди ва пахлави ба забони араби тарчума шуда, истилохоте, ки мафхумхои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони араби барои хамаи донишмандони асрхои X-XI фахмо буда, дарси мадрасахо ба ин забон мегузашт. Осори Абуали нихоят зиёд аст. Аз руи тадкик ва хисоби донишманди машхури эрони Саид Нафиси (1896-1966) микдори асархои Абуали, ки алхол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонахои давлати ва шахсии олам 162 асари у нигох дошта мешавад. Аз чумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне точики эчод шудааст. Хамчунин як микдор шеърхои точикии Абуали низ ба замони мо расидаанд. Асархои Абуали аз чихати хачм хеле гуногун буда, аз рисолахои мухтасар то асархои чандинчилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 чилд, «Алхосил вал махсул» дар 20 чилд, «Китобушшифо» дар 18 чилд, «Лисонулараб» дар 10 чилд, «Алконун» дар 5 китоб, «Начот» дар 3 чилд эчод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавчуда накши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихи, мадани ва илми моликанд. Тамоми асархои Абуалиро метавон ба 4 гурух таксим кард: 1. Асархои доир ба хикмат, фалсафа ва ахлок ва мантик. 2. Асархо оид ба тиб. 3. Асархо доир ба илмхои дакик. 4. Асархо рочеъ ба забону адабиёт ва санъат. Бисёре аз асархои Сино танхо рочеъ ба як соха ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобхои Мантик, Илохиёт, Табииёт, Хайат ва Мусики таркиб ёфтааст.
Абӯалӣ Ибни Сино адиб
Дар таърихи адабиёти форсу точик Ибни Сино хамчун шоири ориф эътироф гашта, мухимтарин кисмати осори адабии уро шеърхо ташкил медиханд. Касида ва газалхои шоир тасаввуфи ва ахлокианд. Вале рубоихои Сино шоирона садо додаанд. Афкори хикматомузи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати ичтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки рочеъ ба масоили ичтимои ва ахлоки эчод шудаанд, манзур мегардад:
Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар мукбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба хазор дида бигристаме!
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз чахл, ки донои чахон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд.
Хак-чони чахон асту чахон чумла-бадан,
Ачноси малоика – хавоси ин тан.
Ачром – аносиру маволид – аъзо,
Тавхид хамин асту дигархо хама – фан.
Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Чуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.
Хар хайъату хар накш, ки шуд махв кунун,
Дар махзани рузгор гардад махзун.
Рафт он гухаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
Эй нафс ки бастаи хавои хаваси,
Биштоб, ки дар химояти як нафаси.
Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,
К-аз дуст бароиву ба душман бираси.
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як муй надонист, вале муй шикофт.
Андар дили ман хазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае рох наёфт.
Бо хар хасе зи руи хаво дусти мадор,
Дар куи мардумон зи паи дусти мапуи.
Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон мачуй,
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Махкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар дахр чу ман якеву он хам кофир,
Пас дар хама дахр як мусулмон набувад.
Источник