Корхонаи нави кори пахта
Опубликовано: 1 апр. 2019 г.
— Президенти Тоҷикистон Корхонаи истеҳсоли равған дар
ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Спитаменро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.
Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.
Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.
Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.
Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.
Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.
Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.
Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.
Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.
АМИТ «Ховар»
Ахбори Точикистон Имруз 01.04.2019 соати 18:00
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.04.2019 )اخبار تاجیکستان .(HD)
— Панчакент
— Айни
— Хучанд
— Москва
— Помир
— Бадахшон
— Кулоб
— Бохтар
— Хатлон
— Вахш
— Рогун
— ВМКБ
— Хисор
— Ёвон
— Лахш
— Точикибод
— Рушон
#tajikistan #dushanbe #AkhboriTojikiston
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:
★Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m
Источник
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли равған дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен
01.04.2019
https://www.president.tj/node/19779
Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.
Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.
Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.
Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.
Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.
Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.
Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.
Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.
Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.
Источник
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар Спитамен

Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Источник
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.
Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.
Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли равған дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен
01.04.2019
https://www.president.tj/node/19779
Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.
Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.
Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.
Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.
Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.
Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.
Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.
Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.
Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.
Источник
Details
Published on Thursday, 27 August 2015 13:41
Чаро фаъолияти 4 корхонаи пахта боздошта шудааст? Оё хатҳои технологии онҳо ҷавобгўи талаботанд? Мавсими қабули пахта наздик, масъулон чӣ тадбирҳоро амалӣ менамоянд?
Инак, барои деҳқонон, махсусан пахтакорони вилоят маъракаи муҳим — саривақту беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин рўёнидаашон фаро расид. Ин як тарафи масъала бошад, дигараш, бояд онҳо ҳосили ҷамъоварда-ашонро барои коркард ба заводҳои пахтақабулкунӣ супоранд. Оё имрўз корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба қабули дастранҷи марди деҳқон омодаанд?
Бо ин суол мо ба сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев муроҷиат намудем. Ў оиди вазъи омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят чунин ибрози ақида кард:
— Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гурўҳи корӣ таъсис дода, аз 29 июл то 4 августи соли ҷорӣ рафти омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоятро барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 мавриди таҳлил ва омўзиш қарор додем.
Дар натиҷа маълум гардид, ки корхонаҳои пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2014 ба миқдори 97295 тонна пахтаи хом бо вазни кондитсионӣ захира ва коркард намуда, аз он 34516 тонна нахи соф гирифтаанд. Баромади миёнаи нах 35,7 фоиз (меъёр 34,7 фоиз) буда, 55054 тонна чигит ё 56,9 фоиз (меъёр 57,2 фоиз), 1434 тонна тибит 1,5 фоиз (меъёр 1,7 фоиз), 772 тонна торак ё 0,8 фоиз (меъёр 0,7 фоиз) ва 580 тонна пати сиклонӣ ё 0,6 фоиз (меъёр 0,5 фоиз) истеҳсол гардидаанд.
Нишондиҳандаи баромади миёнаи чигит мувофиқи вилоят нисбат ба меъёри муқарраргардида 0,3 фоиз кам гардидааст, ки ин асосан аз ҳисоби корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ «Мўъмин Инвест- Коттон»-и ноҳияи Ашт (баромади ҳақиқӣ 55,7 фоиз — меъёр 56,1 фоиз), бахши зафарободии ҶСП «Деҳқон», ҶДММ «Эрудит» ва ҶДММ «Довуди Зафаробод»-и ноҳияи Зафаробод мутаносибан (баромади ҳақиқӣ 53,9 фоиз — меъёр 57,1 фоиз), (баромади ҳақиқӣ 55,3 фоиз— меъёр 57,5 фоиз) ба амал омадааст. Дар ҶС «Ҳабиб»-и шаҳри Конибодом бошад, аз ҳисоби захира ва коркарди пахтаҳои навъҳои сеюм ва чорум, ки бо намнокӣ ва гаҷнокии баланд ворид гардидаанд, боиси кам шудани баромади тибит шуд ва зағолакҳои истеҳсолӣ аз меъёри муқарраргардида 0,2 фоиз зиёд буданд.
Бо назардошти пастравии нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 барои васеъ намудани майдони кишти пахтаи навъҳои тухмии серҳосили хориҷӣ аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 769,5 тонна чигит, аз ҷумла навъҳои «Делтапайн-5111» ба миқдори 27,6 тонна, «Делтапайн-388» — 5 тонна, «Флора» — 569,7 тонна, «СД-406» — 142 тонна, «Белый извор» — 1,2 тонна ворид шуданд. Ҳамзамон, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба миқдори 46 тонна чигити тухмии навъи «Синҳюйцза — 39» дастрас ва кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шуд.
Имсол низ майдони кишти навъҳои хориҷӣ боз ҳам васеъ карда шуд. Аз натиҷаҳои коркарди ниҳоии пахтаи ҳосили соли 2014 аён гардид, ки баромади нахи пахтаи навъҳои хориҷӣ нисбат ба навъҳои ватанӣ баланд буда, он қиёсан аз 36,7 то 40,7 фоизро ташкил намуд.
Бино ба гуфти Отабек Ҳоҷиев, дар мавсими коркарди пахтаи ҳосили соли 2014 корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, ҶДММ «Фаронак» ва ҶДММ «Зафаробод — Инвест»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Амир-Шукур», ҶДММ «Шариф — Асад» ва ҶДММ «Музаффар ва К»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ «Юсуф — Саркор»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ҶС «Сидней- Хуҷанд»-и шаҳри Қайроққумро қайд кардан ҷоиз аст, ки ба нишондиҳандаҳои баланди сифатӣ ноил гаштаанд. Баромади ҳақиқии нахи софи навъҳои хориҷӣ дар ин корхонаҳои коркард аз 36 то 40,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба баромади ҳисоби миёнаи вилоят аз 0,6 то 2,6 фоизӣ зиёд мебошад.
Инчунин, бояд зикр намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии коркарди пахтаи ҳосили соли 2014 мувофиқи вилоят хуб бошад ҳам, дар корхонаҳои алоҳидаи вилоят, аз ҷумла ҶДММ «Довуди Зафаробод», ҶДММ «Эрудит»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Солеҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶС «Деҳқон»-и ноҳияи Спитамен ва ҶСШК ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Fафуров баромади миёнаи нах нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят паст мебошад.
Алҳол дар вилоят 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолии онҳо дар як сол зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта мебошад. Аз ин миқдор хатти технологии коркарди 12 адади он бо таҷҳизотҳои муосири муҳаррикҳояшон каммасрафи истеҳсоли давлатҳои Чин, Олмон, Туркиё ва ИМА муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин корхонаҳо 2545 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 305 нафар кормандони доимӣ, боқимонда 2240 нафар кормандони мавсимианд.
Оид ба омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба мавсими нави қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 аз ҷониби гурўҳи корӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд. Аз ҷумла, гурўҳи корӣ рафти тайёрии корхонаҳоро мавриди санҷиш қарор дод. Бинобар сари вақт таъмир ва ба талабот ҷавобгў набудан, инчунин соҳибмулк надоштани коргоҳҳои ҶДММ «Эрудит» ва ҶДММ «Данҷин»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Коттон-Сорбон»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва корхонаи пахтатозакунии ҶС ба номи А.Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов аз фаъолият боздошта шуданд.
Нақшаи омодагии боқимонда 21 корхонаи коркарди пахта ҳангоми санҷиш аз 15 то 95 фоизро ташкил дод. Ин коргоҳҳо барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили нав сари вақт базаи моддӣ-техникиро омода намуда истодаанд.
Таъмири асосии хатти технологии коркарди ин корхонаҳо идома дошта, он дар арафаи анҷомёбист. Имрўзҳо гурўҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳисоби мутахассисони соҳа, намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят, Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи КАС — и вилоят ва намояндаи Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилоят омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоятро барои қабул ва коркарди ҳосили пахтаи соли 2015 мавриди санҷиш қарор дода истодаанд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”
Источник