Тарзи кори компьютер ва он
Оғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-
дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пўшида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурўъ менамояд.
Оғози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи корӣ (Рабочий стол – Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо амалиёт гузаронида шаванд.
Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомўш карда шавад. Асосан ду тарзи
анҷомдиҳии кори система ва хомўшгардонии компютер ҷой дорад:
1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан;
2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.
Дар ҳар ду ҳолат ҳам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.
Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анҷоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомўш карда шавад) аломати нуқта гузошта шудааст. Дар ҳаминмаврид, агар тугмаи Да (Ҳа) пахш карда шавад, он гоҳ пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:
Microsoft WINDOWS
Завершение работы Windows
(Анҷоми кори Windows )
Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомўш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад:
Теперь питание компьютера можно отключить
(Акнун компютерро хомўш кардан мумкин аст)
Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомўш кардан мумкин аст.
Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.
Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурўъ менамояд.
Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.
Саволҳо:
- Оғози кори Windows аз чӣ сар мешавад?
- Аввалин равзанае, ки ҳангоми оғози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чӣ ном дорад?
- Барои анҷомдиҳии кори Windows кадом амалиётро иҷро намудан лозим аст?
- Кадом вақт компютерро хомўш кардан мумкин аст?
- Чӣ гуна ба реҷаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Дар синфхонаи компютерӣ бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомўш намоед.
- Компютерро барои дар реҷаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба реҷаи Windows баргардед.
Источник
Тавре ки аллакай медонем, компютер метавонад, информатсияи табиати дилхоҳдоштаро кор карда барояд. Информатсия метавонад ададӣ, матнӣ, графикӣ, тасвирӣ, садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар мо медонем, ки компютер танҳо бо кодҳои дуйӣ кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чӣ тавр кор карда баромада мешавад?
Гап дар сари он аст, ки дар компютер ҳар гуна инфор матсия бо ёрии ададҳо кодгузорӣ карда мешавад. Компютер ҳангоми кор танҳо бо коди информатсия сару кор дорад.
Мо дар ҳаёти муқаррарии ҳаррўзаамон аз системаи ҳисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи даҳӣ мегўянд. Ҳар гуна адад дар ин система ба воситаи даҳ рақам – 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани қонуну қоидаҳои иҷрои амалҳо дар ин система кифоя аст, ҳар гуна масъалаи ҳаётии дар наздамон гузошташударо ҳал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки ҳатто дар бораи вуҷуд доштани дигар системаҳои ҳисоббарорӣ фикр ҳам намекунем. Дар асл дар ҳаёт системаҳои ҳисоббарории зиёде мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бале, ҳайрон нашавед! Ҳангоми азхудкунии принсипи кори компютер шумо аллакай бо яке аз чунин системаҳои ҳисоббарорӣ шинос хоҳед шуд.
Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналҳои электрикӣ ифода карда шуда бошад. Аз нуқтаи назари физикавӣ, ба протсессор хеле қулай аст, ки информат–сияи қабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (ҳолат) кодгузорӣ намонд:
- a) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд аст;
ӣ) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд нест.
Агар мо мавҷуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи рақами 1 ва мавҷуд набудани онро ба воситаи рақами 0 ишорат кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки прот-
сессор ҳар гуна информатсияро бо ёрии танҳо ду рақам (1 ва 0) кодгузорӣ мекардааст. Системаи ҳисоббарориеро, ки танҳо рақамҳои 0 ва 1–ро истифода мебарад, системаи дуйӣ мегўянд.
Инсоният ба системаи даҳии ҳисоббарорӣ яку якбора наомадааст. Олимон бар он ақидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи даҳиро, даҳ ангушти дастони инсон ташкил намудааст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин биёед лаҳзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танҳо рақамҳои 0 ва 1–ро дорем. Оё мо метавонем, ки ҳамаи ададҳоро бо ёрии ин ду рақам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофиқати якчанд ададҳои аввалаи бутуни мусбати системаи даҳӣ ва дуйӣ чунин аст:
Даҳӣ 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17
Дуӣ 0 1 10 11 100 101 110 111 1000 1001 1010 1011 1100 1101 1110 1111 10000 10001
Тарзи аз як системаи ҳисоббарорӣ ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи дуйӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем:
Дар мисол, тасвири адади додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудааст – 13 ду разряд дорад, 1101 – чорто. Протсессори Pentium, ки дар он барои интиқоли информатсия 32 сим хизмат мерасонад, яку якбора метавонад адади дуйии 32–разрядаро кор карда барояд. Азбас–ки протсессори Intel–80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Pentium дида ададҳоро ду маротиба сусттар интиқол мекунад.
Ҳангоми омўзиши хотираи компютер, мо қайд карда будем, ки разрядҳои дуйиро бит ва маҷмўи 8–битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии ҳаҷми информатсияи дар хотираи компютер маҳфузбуда бошад, аз ченакҳои калонтар – килобайт (Кбайт), мегабайт (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва ғайра истифода мебаранд.
Масалан, дискети 3,5 дюймагӣ 1 457 664 байт информатсияро ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 (13)10=10+3=1101+3100=(1101)2=123+122+021+120=8+4+0+1=(13)10 13 1101
79 Мбайт мегўянд. Ин миқдор зиёд аст ё кам? Агар ба ҳисоб гирем, ки як символи матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион символ ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад. Мутаассифона, имрўз ин миқдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил диҳем, он гоҳ дар дискет ҳамагӣ 17 сония стереоовози сифатнокро ғунҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (варақи чопкунии андозааш 210х297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридҳо на аз дискетҳо, балки аз компакт–дискҳо истифода мебаранд, ки ғунҷоиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.
Дар диски сахти компютер (винчестер) информат–сияи гуногун – программаҳо, матни ҳуҷҷатҳо, тасвирҳои графикӣ, видеоклипҳо, суруду мусиқиҳо ва ғайраҳо
маҳфузанд, ки ҳамаи онҳо маҳз бо ёрии ҳамон ду вазъи мантиқӣ – ҳаст ё нест, 1 ё 0, фурўзон ё хомўш ва ғайраҳо кодгузорӣ карда мешаванд.
Саволҳо:
- Кадом намудҳои информатсияро медонед?
- Компютер информатсияро чӣ тавр кор карда мебарояд?
- Протсессор информатсияро чӣ гуна кодгузорӣ менамояд?
- Чаро протсессори Pentium аз протсессори Intel–80286 информатсияро ду маротиба тезтар интиқол медиҳад?
- Дискети 3,5 дюймагӣ чанд байт информатсияро ғунҷонида метавонад?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Доир ба тарзи коркарди информатсия дар компютер фикратонро дар дафтар баён намоед.
Источник
Огози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба чараёни барк пайваст карда шуда, дар блоки системави тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантхои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-
дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончахои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Мархамат намоед Welcome) барояд, он гох тугмаи Зарыть (Пушида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автомати ба кор шуруъ менамояд.
Огози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи кори (Рабочий стол – Desktop) ба хисоб меравад. Дар вариантхои хозираи Windows, пас аз муддати ками вакти кори BIOS якбора равзанаи Мизи кори ба экран мебарояд. Махз равзанаи Мизи кори имконият медихад, ки программахои зарури ба экран чег зада шуда, бо онхо амалиёт гузаронида шаванд.
Анчоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани хама гуна амалиёти лозими, компютер бояд хомуш карда шавад. Асосан ду тарзи
анчомдихии кори система ва хомушгардонии компютер чой дорад:
1) дар клавиатура тугмахои Alt ва F4 -ро якчоя пахш намудан;
2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анчоми кор)-ро интихоб намудан.
Дар хар ду холат хам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.
Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анчоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомуш карда шавад) аломати нукта гузошта шудааст. Дар хаминмаврид, агар тугмаи Да (Ха) пахш карда шавад, он гох пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:
Microsoft WINDOWS
Завершение работы Windows
(Анчоми кори Windows )
Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огох месозад, ки дар хомуш гардонидани компютер ба саросемаги рох надиханд. Пас аз гузаштани муддати на он кадар зиёди вакт, дар экран информатсияи навбати пайдо мешавад:
Теперь питание компьютера можно отключить
(Акнун компютерро хомуш кардан мумкин аст)
Танхо дар сурати пайдо шудани хамин информатсия компютерро хомуш кардан мумкин аст.
Агар аломати нукта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гох пас аз пахши тугмаи Да (Ха) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.
Агар аломати нукта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар речаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гох пас аз пахши тугмаи Да (Ха) системаи Windows аз хотираи компютер хорич карда мешавад ва ба чойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шуруъ менамояд.
Дар ин реча программахое, ки онхо танхо барои мухити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программахо кабатхои программавии Norton Commander, Volkov Commander, тахриргари матнии Лексикон, чадвали электронии Superсalc ва гайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.
Саволхо:
- Огози кори Windows аз чи сар мешавад?
- Аввалин равзанае, ки хангоми огози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чи ном дорад?
- Барои анчомдихии кори Windows кадом амалиётро ичро намудан лозим аст?
- Кадом вакт компютерро хомуш кардан мумкин аст?
- Чи гуна ба речаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
- Дар синфхонаи компютери бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомуш намоед.
- Компютерро барои дар речаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба речаи Windows баргардед.
Источник
Тавре ки қайд кардем, ҳангоми пахш намудани тугмаи POWER -и блоки системавии компютер, аз диски системавии винчестер ба таври автоматӣ системаи оператсионии Windows ба хотираи фаврии он дохил карда мешавад ва дар экран манзарае пайдо мегардад, ки онро Мизи кории (Desktop – Рабочий стол) система меноманд.
Мизи корӣ муҳити графикиест, ки дар он объектҳо ва элементҳои идоракунии Windows инъикос карда мешаванд. Умуман, ҳангоми кор бо ин система ҳар он чизе, ки истифода бурда мешавад ё ба объект ё ба элементи идоракунии Windows тааллуқ дорад.
Мизи кориро равзанаи асосии Windows мегўянд. Он одатан бо расмҳои предметҳои гуногун пур карда мешавад. Дар қисми поёнии расмҳо номашон оварда мешаванд. Ана ҳамин расмҳо нишонаҳои (icons – значки) объектҳо мебошанд.
Нишонаҳо, тавре ки медонем, тасвири графикии объектҳои Windows мебошанд. Ҳамаи нишонаҳои Мизи кориро ба нишонаҳои махсус ва корӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Нишонаҳои махсус аз ҳамдигар шаклан фарқ доранд, вале нишонаҳои корӣ якхелаанд. Аксарият нишонаҳои махсус Расми 2. Мизи кории системаи Windows
доимо дар Мизи корӣ мавҷуданд, аммо нишонаҳои кориро ҳар як истифодабарандаи компютер мувофиқи таъбу завқи худ ва аз рўи зарурати истифодабариаш дар миз ҷой медиҳад ё аз он мебардорад.
Нишонае, ки дар он расми компютер тасвир ёфтааст ва номаш Мой компьютер (Компютери ман – My computer) мебошад, имконият медиҳад, ки аз дискҳо программаҳои лозимӣ кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шаванд. Инчунин программаи Мой компьютер барои ба системаи умумӣ пайваст намудани ҳамаи қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер хизмат мерасонад. Ин нишона ба гурўҳи нишонаҳои махсус мансуб аст.
Нишонаи Kорзина (Сабад – Recycle Bin)-и Мизи корӣ барои нигоҳ доштани папка ва ҳуҷҷатҳое хизмат мерасонад, ки онҳо барои истифодабарӣ муваққатан лозим нестанд. Барои дар шакли корӣ барқарор намудани онҳо кифоя аст, ки Корзинаро кушоем ва аз рўйхати он папка ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷудо намоем. Ин нишона низ нишонаи махсус аст.
Дар Мизи корӣ ҳамчунин нишонаи махсуси дигаре мавҷуд аст, ки онро Портфель (Портфел – My briefcase) меноманд. Портфел асосан барои аз як компютер ба компютери дигар кўчонидани информатсия хизмат мерасонад.
Дар Мизи корӣ ба ғайр аз нишонаҳои папкаҳои системавӣ, ки шаклашон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд, боз нишонаҳои якранги папкаҳои кории гуногун ва нишонаҳои ярликҳоро дидан мумкин аст. Нишонаҳои ярликҳо аз дигар нишонаҳо бо аломати фарқ мекунанд.
Дар қисми поёнии Мизи корӣ сатри тасмашакле мавҷуд аст, ки дар он тугмаи Пуск (Оғоз – Start) ҷойгир шудааст. Ин сатрро сатри Панели масъалаҳо (Taskbar – Панель задач) меноманд. Панели масъалаҳо яке аз элементҳои идоракунии Windows ба шумор меравад.
Дар қисмҳои ҳудудии (канорӣ) Мизи корӣ панели Microsoft office-ро низ ҷойгир кардан мумкин аст. Дар ин панел нишонаҳои программаҳои ҳатмии оффис ва дигар программаҳои амалӣ нишон дода мешаванд.
Саволҳо:
- Мизи корӣ чист?
- Барои чӣ Мизи кориро равзанаи асосии Windows меноманд?
- Нишонаҳои Мизи кориро ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд?
- Нишонаҳои махсус аз нишонаҳои корӣ чӣ фарқ доранд?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Ба таври мухтасар дар бораи функсияҳои нишонаҳои Мой компьютер, Корзина ва Портфель маълумот диҳед.
- Нишонаҳои Мизи кории Windows-ро бо навбат кушоед ва объектҳои дохили онро маънидод намоед.
Источник
Инсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдошавии аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт.
Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он ба дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ таконе дод. Ва бо ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодабарии аробаю автомобил, асри барқ ба азхудкунӣ ва истифодабарии энергияи беҳамтои барқӣ, асри ядроӣ ба азхудкунӣ ва инкишофи минбаъдаи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо бошад, инсон дар бораи асри информатсионӣ сухан меронад. Ин бесабаб нест.
Асри ХХI барои он асри «Информатика» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди информатсия баҳравар гардад. Саҳми информатсия дар қабули қарорҳои идоракунии истеҳсолот, ҷамъият, тафаккур ва ҳалли масъалаҳои рўзмарра ба дараҷае меафзояд, ки он ба қатори ду омили ҳаётан муҳимидигар – модда ва энергия шомил мегардад. Омилҳои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он ғизоҳое табдил меёбанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо банизом медарорад.
Информатсия (Infoқmation) маҳфуми хеле васеъ аст. Калимаҳои тоҷикии (шояд форсӣ ё арабӣ) «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва ғайраҳо баъзе паҳлўҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои онҳо ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчикро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот не.
Информатика фанни техникӣ буда, қонунҳо ва усулҳои ғункунӣ, захиракунӣ, коркардабароӣ ва интиқоли информатcияро бо ёрии компютер меомўзад.
Фанни информатикаро дар мамлакатҳои ғарб «Илми компютерӣ (Computeқ science)» мегўянд. Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ ном мебаранд, яке аз дастовардҳои бузургтарини илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Худи маънои калимаи компютер (computeқ) низ дар забони
тоҷикӣ ҳисоббарор аст. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар даҳсола дар технологияи истеҳсолот, конструксия ва усулҳои истифодабарии МЭҲ тағйиротҳое ба вуҷуд меоянд, ки бешубҳа дар бораи пайдошавии насли нави компютерҳо сухан рондан лозим меояд.
Имрўз он компютерҳое, ки аслан барои ҳалли масъалаҳои ҳисобкунӣ сохта шуда буданд, тадбиқи худро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳисоббарориҳои масъалаҳои иқтисодӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои статистикӣ, манбаъҳои маълумотдиҳандаи информатсия, тарҳрезии равандҳои физикӣ ва фаъолияти фикрии одамон ёфтаанд.
Офариниши МЭҲ бо беҳтарин комёбиҳои инсон, аз қабили азхудкунии қувваи барқ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, истифодабарии энергияи атомӣ ва дигар кашфиёт дар як поя қарор гирифтааст. Ихтирооти номбурда дар рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва болоравии тафаккури инсон нақши бағоят калоне бозидаанд. Ба туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер нерўи ақлонию зеҳнии онро баланд бардоштааст. Тараққии минбаъдаи МЭҲ ба он оварда мерасонад, ки дар бисёр соҳаҳои фаъолияти фикрию ҷисмонии инсон, мошинҳо вазифаи ёрдамчии беғарази онро иҷро мекардагӣ мешаванд.
Гарчанде мошинҳои электронии ҳисоббарор аз ҷиҳати намуд ва тарзи истифодабариашон хеле гуногун бошанд ҳам, вале принсипи кори онҳо ба ҳамдигар бис-ёр монанд аст. Дар ҳамаи онҳо қисмҳо ва ҷузъҳоеро ёфтан мумкин аст, ки функсияҳои якхеларо иҷро мекунанд. Айнан чунин монандӣ ва умумиятҳоро дар сохт ва моҳияти масъалаҳои аз соҳаҳои гуногуни илм, техника, иқтисодиёт ва ғайраҳо пайдошуда низ дидан мумкин аст, ки онҳо ба воситаи аппарати якхелаи математикӣ ҳал карда мешаванд. Ба монанди ҳамин, бисёр умумиятҳоро дар соҳаи программасозӣ ҳам дидан мумкин аст.
Саволҳо:
- Информатсия гуфта чиро мефаҳмед?
- Барои чӣ асри XXI-ро асри «Информатика» меноманд?
- Информатика чиро меомўзад?
- Калимаи компютер чиро мефаҳмонад?
- Ихтирои компютерро бо кадом дастовардҳои беҳтарини инсоният муқоиса намудан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Соҳаҳоеро номбар кунед, ки дар онҳо компютерро истифода мебаранд.
Источник